Конфронси ғайринавбатии ҲХДТ

ПАНҶАКЕНТ. Дар толори Кохи фарҳанги шаҳр  Конференсияи 18 уми ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент доир шуда дар он як масъала- Пешниҳоди номзад аз ҲХДТ барои иштирок дар интихоботи миёнадаврӣ дар ҳавзаи интихоботии Майкатта №18 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бо таклифи азоёни ҳизб аз толор  бо назардошти Соли 2017-Соли ҷавонон эълон гардиданаш ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ҷавонони фаъол номзадии сокини деҳаи Майкаттаи Ҷамоати деҳоти Амондара, ҷавони ташаббускор ва ботаҷриба Аҳроров Ойбек аз ҲХДТ ҳамчун номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳр дар ҳавзаи интихоботии Майкатта № 18 пешниҳод гардид. Доир ба хислатҳои нек ва кору фаъолияти назарраси  номзад ба вакилӣ корманди дастгоҳи раиси шаҳр Калонов О. ва раиси Ҷамоати деҳоти Амондара  Қаҳроров Р. андешаҳои худро баён намуда номзадии Аброров Ойбекро арзанда арзёбӣ намуданд. Номзадии Аҳроров Ойбек аз ҷониби иштирокчиёни маҷлис якдилона дастгирӣ ёфт. Дар Конференсия  аз рӯи масъалаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул шуд.  Дар охир озмуни ҳизбии «Ташкилоти ибтидоии ҳизбии беҳтарин» ва «Шуъбаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид. Ба ғолибони озмун  раиси шаҳр муҳтарам  Ислом Зиёзода Сипоснома ва тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияро супорид. Бо ҳамин Конференсияи 18 ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>