Фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2016 ҷамъбаст гардид

ПАНҶАКЕНТ. Тибқи нақша дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент маҷлиси васеи солонаи  Кумитаи иҷроия баргузор гардид. Дар кори маҷлис аз 27 нафар аъзоёни кумитаи иҷроия 23 нафар, инчунин, Ислом Зиёзода – узви раёсат ва Кумитаи иҷроия, раиси шаҳри Панҷакент, Шодизода Парвиз- муовини раиси шаҳр, Ҳабибзода Умед -роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, Қиёмзода Шоҳида-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҳизб, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони ватан» ва васоити ахбори умум иштирок доштанд. Дар маҷлис масъалаҳои зерин: ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент М. Шукурзода доир ба фаъолияти кумитаи иҷроия дар соли 2016  ва вазифагузориҳо барои соли 2017, оид ба тасдиқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент барои нимсолаи якуми соли 2017, дар бораи тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир ба қабули аъзоёни нав дар нимсолаи дуюми соли 2016 ва даъват намудани Конференсияи 18 уми ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оид ба пешбарии номзад аз ҲХДТ ба ҷойи вакили хориҷгардида барои иштирок дар интихоботи миёнадаврӣ, инчунин, ҷамъбасти озмуни ҳизбии «Ташкилоти ибтидоии ҳизбии беҳтарин» ва «Шуъбаи беҳтарин» дар соли 2016 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар маҷлис аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода бо маърӯза баромад намуд. + қайд кард, ки кумитаи иҷроия дар соли 2016 дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони ҷавонон ва бонувон ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бобати амалӣ намудани талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кумитаи иҷроияи вилоятӣ, қарорҳои Анҷуманҳои ҲХДТ, шарҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (20.01.2016) доир ба густариш додани обрӯю эътибори ҲХДТ дар байни шаҳрвандон ва ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи он, таҳкими сулҳу ваҳдат дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои ҳизб дар бобати таъмини зиндагии шоиста ба шаҳрвандон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тарбияи ҳисси миллии ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, дастгирӣ ёфтани иқдомҳои неки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тоза дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, дастгирии ҷавонон ва эълон гардидани соли 2017- соли ҷавонон,   ҷалби нерӯи пешқадами ҷомеа, аз ҷумла, ҷавонон ва бонувон ба  ҲХДТ, гузаронидани чорабиниҳо дар мазӯҳои муҳими рӯз ва баргузории соатҳои хониши сиёсӣ нақши босазо гузошт.  М. Шукурзода зикр намуд, ки дар соли 2016 маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла, иштирок намудан дар райъпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани   тағийроту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлил намудани 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуданд. Дар маърӯза раиси кумитаи иҷроия М. Шукурзода оид ба ҳидоятҳои раҳнамоёнаи раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси солонаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз санаи 5 январи соли 2017 сухан ронда, таъкид кард, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат раҳнамо дар фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2017 мебошанд. Дар маҷлис оид ба саривақт иҷро намудани обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ»  ва «Сухани халқ» барои соли 2017 ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ изҳори сипосгузорӣ карда шуд. Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва мулоқот бо онҳо аз ҷониби раиси кумиҷроия дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, шаҳрҳои Екатеринбург ва Москва  аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ хуб арзёбӣ шуд.  Раиси кумиҷроия таъкид намуд, ки мо ҳизбиён дар ҳама масъалаҳо бояд пешсаф бошем, ҳамчун нерӯи пурқуввати ҷомеа оид ба пешрафт ва  гул-гул шукуфии ватани азизамон Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу ваҳдат ҳиссаи арзанда гузорем ва санаҳои фархундаи соли 2017- ро бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ истиқбол гирем. Дар ин самт бояд ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ саҳми босазо гузоранд. Дар идомаи маҷлис нақшаи кории кумитаи иҷроия барои нимсолаи аввали соли 2017 ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзоёни ҳизб дар нимсолаи дуюми соли 2016 тасдик карда шуд. Таъкид гардид, бо ҷонибдории  шаҳрвандон сафи аъзоёни ҳизб дар соли 2016 4075 нафар афзуда ба 11030 нафар расид, ки қисми зиёди онҳоро ҷавонон ва бонувон ташкил медиҳанд. Дар маҷлис масъалаи даъват намудани Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва пешбарӣ намудани номзад аз ҲХДТ ба номзадии вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба ҷойи вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Майкатта № 18 ва иштирок дар интихоботи миёнадаврии санаи 19 марти соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар маҷлис  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Коллеҷи омӯзгории шаҳр Собирова Муҳаббат, донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳр Наҷмиддинов Наҷмиддин, раиси Шӯрои духтарони назди Кумитаи иҷроия Эшмуродова Мастона, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази саломатии шаҳр Раззоқов Диловар ва  устоди Коллеҷи омӯзгории шаҳр Каттаев Отабек ба сухан баромада оид ба корҳои иҷрошуда дар ташкилотҳои ибтидоии худ гузориш дода фаъолияти  кумитаи иҷроияро дар соли 2016 мусбӣ арзёбӣ намуданд. Раиси  шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ислом Зиёзода дар суханронии худ аз фаъолияти кумитаи иҷроия дар соли сипаригардида изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳли толорро даъват намуд, ки дар атрофи ҲХДТ, ки ҳизбӣ раҳнамо ва дардошнои мардум аст, ҳарчи бештар фаъолони ҷомеаро сарҷамъ намоем. Дар байни ҷавонон корҳои тарғиботӣ зиёд карда шавад. Дар деҳаҳои дурдаст бо аҳолӣ дар мавзӯҳои муҳими рӯз суҳбату мулоқотҳо ташкил карда шавад. Дар масъалаҳои пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, дастгирии молиявии ҳизб дар асоси талаботи Оиннома, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои бунёдкоронаи  ҳизб, ки ба нафъи ҷомеаи мо аст, саҳми арзанда гузорем. Иқдомҳои нек бояд дастгирӣ шуда дар ин бобат аъзоёни ҲХДТ намуна бошанд. Дар маҷлис аз рӯи ҳама масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>