Сада ва рукнҳои судманди он

ХУҶАНД. Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар самти ободонӣ ва сарсабзии кишвар, хосатан соҳаи аграрӣ яхобмонӣ идома дорад. Кумитаи иҷроияи ибтидоии Бобоҷон Ғафуров дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, тасмим гирифт, дар раванди шӯршӯии заминҳои назди маҳалли худ ҳисса гузорад. Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбоева М.Х. зимни назорат ва дастурдиҳии супориши мазкур қайд намуд, ки ин тадбир барои сарсабзӣ ва ҳосилхезии бегазанди заминҳо аз фоида холӣ нест. Маҳз яхобмонӣ заминҳоро аз ҳашаротҳои зараровар эмин нигоҳ медорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>