Тарғиби ҳунармандӣ

20180208_145153

АЙНӢ. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои рушди ҳунармандӣ дар ноҳияи Айнӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, масъулон ҳунармандонро дастгирӣ менамоянд. Дар ноҳия 8 маркази атласу адрасбофӣ фаъолият менамояд. Инчунин ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гилембофӣ, намадмолӣ, кулолгарӣ, ки қариб аз байн рафта буданд, аз нав эҳё мегарданд. Ҳунарманд Холиқова Турсунмоҳ   аз қуроқ кӯрпача, болишт ва дигар асбобҳои рӯзгор омода намуда, ба харидорон пешниҳод менамояд. Зимни сӯҳбат иброз намуд, ки  дар урфият мегӯянд, ки ҳунар беҳ аз моли падар ва ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намегардад. Ман омода ҳастам, ки духтаронро ба шогирдӣ гирифта ба ин васила сафи ҳунармандонро зиёд намоям.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>