Идомаи тарғиби Паёми Пешвои миллат

БӮСТОН. Тавре иттилоъ дода будем, имрӯзҳо тибқи нақшаи идоравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон байни қишрҳои гуногуни ҷомеа раванди тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22 декабри соли 2016 бо ҷалби зиёда аз 95 нафар аъзоёни гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии нази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бомаром ҷараён дошта, дар канори дастовардҳои дар Паём зикргардида муроҷиатномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар оид ба аз байн бардошта шудани маҳдудияти нерӯи барқ, сарфаву сариштакорӣ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он зикр гардида истодааст. Аз ҷумла чунин мулоқотҳо санаи 27 январ байни кормандони қасри фарҳанги шаҳр, китобхонаи шаҳрӣ, кормандони мактаби санъати шаҳр ба номи Ш.Алифов ва кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” бо иштироки аъзоёни гуруҳи тарғиботу ташвиқотии шаҳр Мамнур Нурзода, Гавҳар Мухторова, Таҳмина Раҳимова, МЭЛС Нуров, Саидмуҳаммад Шодиев, Наргис Машарипова ва дигарон баргузор гардид. Дар мулоқоте, ки бо кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” баргузор гардид мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Наргис Машарипова оид ба рушди иҷтимоиву иҷтисодии кишвар ибрози назар намуданд. Дар интиҳо директори генералии корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” Комилӣ Камолҷон Ҳакимзода оид ба рушди соҳаи саноати кишвар дар замони 25-соли соҳибистиқлолии кишвар сухан ронда, аз кормандон барои фаъолияти хуби меҳнатӣ ва расидан ба дастовардҳои назарраст даъват ба амал овард. Ёдовар мешавем, ки то ин дам дар коргоҳу муассисаҳои шаҳри Бӯстон зиёда аз 30 мулоқоту вохӯриҳо перомуни тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардида, ин раванд бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>