Роҳпаймоии ҷавонон

КОНИБОДОМ. Дар шаҳри Конибодом бахшида ба эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» раҳпаймоӣ доир гардид, ки дар он зиëда аз 1000 нафар ҷавонон  ва инчуни аъзои ТҶҶ Созандагони Ватан –и шаҳр бо парчами ҲХДТ иштирок намуданд. Иштирокчиён бо шиору овезаҳо ва парафшон кардани Парчами давлатӣ ва то назди боғи истироҳатии шаҳр раҳпаймоӣ намуданд. Баъд аз роҳпаймоӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодур Маҳмудов баромад намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд. Аз ин ҷост, ки дар Паëми навбатии худ соли 2017-ро дар қаламрави мамлакат Соли ҷавонон эълон карданд. Эълон гардидани Соли ҷавонон амри таърихӣ буда, дар рушди сиëсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватанпарастонаи онҳо нақши назаррас дорад- таъкид намуд ӯ. Баъдан ҷавонони ватандӯст дар дохили боғи истироҳатии шаҳр зиёда аз 300 бех ниҳолҳои ороишиву cояафкан шинониданд. Мо ба он хотир имрӯз ниҳол шинонида истодаем, ки фардо дарахтони хамешасабзи диёр афзуда, хусни Ватанамон зиёда гардад. Онҳо нишона аз соли ҷавонон хоҳанд буд.- иброз доштанд ҷавонони шаҳр.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>