Таваҷҷуҳ ба тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон

БӮСТОН. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон зери роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода ва бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, кормандони комиссариати ҳарбӣ  ва раисони маҳаллаҳо оид ба вусъати баргузории мусобиқаҳои гуногунсатҳи варзишӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии наврасону ҷавонон ва бо ин васила афзун намудани сафи ихтиёриёни ҷавон ҷиҳати сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Комиссариати ҳарбии шаҳр Шероз Душаев оид ба пурзӯр намудани ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, беҳтар гардидани шароитҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоил ибрози назар намуда, зикр дошт, ки дар соли 2017, ки бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷавонон эълон гардидааст, бояд аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, барои афзун намудани шумори ихтиёриёни ҷавон ҷиҳати даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>