“Озодандешон»-и минбарҳои партовӣ

АНДЕША - озодандешон

АНДЕША. Бо шунидани он, ки ду се чаласавод худро «озодандеш» унвон додаву, исмашонро ба қатори зиёиёни миллат худ ба худ ворид намудаанд, бори дигар нафратам ба чунин “озодандешон” зиёд гардид. Агар таърихи зиндагии ин “озодандешон”-ро назар афканем, заррае ҳаёти онҳоро бе омезиш ба ҳаёти хоҷагонашон тасаввур кардан ғайриимон аст. Инҳо воситаи тарғибу ташвиқи ҳадафҳои нопок ва халалдоркунандаи вазъи кишварҳои дӯст аз ҷониби хоҷагонашон истифода бурда мешаванд. Ин “озодандешон”-и гумроҳ, ки ҳатто дар мавриди зиндагии мустақилона бо ҳамсаронашон озод нестанд чи гуна шарм надошта худро “озодандеш” унвон додаанд. Бешак ин гумроҳон мехоҳанд анҷуман таъсис дода, маблағҳои муфти хоҷагонашонро соҳибӣ шаванд ва рӯзгорашонро аз ин ҳисоб пеш баранд. Ин нохалафон маблағҳои муфтро ба даст оварда, бар зидди давлату миллати худ суханҳои нораво мегӯянд. Ватанеро, ки ҳамчун модар дар оғӯшаш ба камол расиданд ба ӯ хиёнатро раво мебинанд. Инҳо бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буда, номашон низ ба хоҷагонашон тааллуқ дорад.  Агар ба асли воқеа ва муносибати хоҷагони хориҷӣ бо ин “озодандешон” назар афканем маълум мегардад, ки хоҷагонашон барои ин нохалафон мошинҳои партовпартоии аз рӯихат хориҷшуда, яъне корношоямро ҷудо карда, онҳоро бо минбарҳои махсус таъмин намуда ва анҷуманашонро “озодандешон” унвон додааст. Инҳо ҳамчун робот ва ё беморони рӯҳӣ дар машварату мулоқотҳои хоҷагонашон ширкат намуда, мунтазам ҳимоят аз хоҷагонашон мекунанд. Дар ҳар куҷое, ки зарурати иштироки онҳо пайдо шавад, дарҳол хоҷагонашон бо мошинҳои партовпартоӣ иштироки онҳо онҷо бо минбарҳояшон таъмин мекунанд, то онҳо тавонанд суханони пучу бемаъниашонро нисбати кишвари худ баён кунанд. Яъне ин “озодандешон” дар кишвари хоҷагонашон макони муқаррарии зиндагӣ надоранд. Балки рӯзашон дар нақлиётҳои партовпартоӣ ва минбарҳои вайронаи хоҷагонашон мегузарад. Месазад, ки онҳоро озодандешони минбарҳои партовӣ унвон диҳем. Мо дарк мекунем ва медонем, ки ин разилони гумроҳ дар Тоҷикистон он қадар зиндагӣ накардаанд, ки дар бораи он ҳарф гӯянд. Аз ин рӯ, ҳуқуқи аз номи Тоҷикистон гап заданро надоранд. Мо рафтори ин гуна номардони разилро шадидан маҳкум намуда, нафрати хешро нисбати анҷуманашон баён медорем.

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>