Сарбози Ватан

ИСТАРАВШАН. Бо ташабусси намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” тибқи барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №2 аз 05.02.2018 бахшида ба 25 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои дарҳои кушод таҳти унвони “Сарбози Ватан” бо иштироки ҷавонон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар қисми ҳарбии 04533 – и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа гузаронида шуд. Байни ҷавонон ва афсарону аскарон вохӯрӣ ва сӯҳбати хеле самимӣ гардид. Ҷавонон бо шароити зисти аскарон, рафти хизмати онҳо шинос гаштанд. Инчунин байни ҷавонон ва сарбозон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуданд. Ин вохӯрии ҷолиб дар ниҳоди ҷавонон – иштирокчиёни вохӯрӣ ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвари азизамонро бедор намуд. Аз симои ҳар як иштирокчӣ аён буд, ки дар замири қабли худ орзуи хизмати содиқонаи Ватанро боз як бори дигар қавитар ҷой доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>