Офарин, бонувон-варзишгарон!

СПИТАМЕ мусобика

СПИТАМЕН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шӯъбаи маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайеҳии ноҳия дар толори  мактаби варзишии ба номи Рустам Амакиев, мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба волейбол ва тенниси рӯйи мизи дар байни бонувон, барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳия бахшида ба 25 солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовуни якуми раиси ноҳия Д,Раҳимӣ, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» М,Муҳаммадӣ, директори мактаби варзишӣ И,Соҳибов,  сармутахассиси самти ҷавонон ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Д.Абдуқаюмова, омӯзгорон ва зиёда аз 200 нафар бонувони ҷавон иштирок намуданд. Чорабинии варзиширо муовини Раиси ноҳия Д,Раҳимӣ кушода дода ба  иштироккунандагон,ки бонувон буданд, изҳори сипос намуда гуфт, ки воқеан варзиш қосиди сулҳ аст ва он нафароне, ки бо варзиш машғул мешаванд, ӯ солиму бардам аст ва саломатии хеле хуб дорад. Роҷеъ, изҳор намуд, ки дар ин мусобиқа бонувони боазму ирода омадаанд ва байни ҳам мусобиқа менамоянд ва маҳорату малакаи худро меозмоянд. Бо чунин арзу сипос мусобиқаи варзишӣ оғоз шуд. Дар натиҷа, дар мусобиқаи  волейбол Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, АИО «Бобоев», ҷамоати деҳоти «Тағояк», шуъбаи маориф, МТМУ№8, МТМУ№28, МТМУ№6, МТМУ№25, қувваозмоӣ намуданд. Дар бозии варзишии намуди тенниси рӯи мизӣ дастаи варзишгарон-бонувони мактаби варзишӣ, шуъбаи маориф, МТМУ №6 аз ҷамоати деҳоти Куруш ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Мусобиқаи варзишӣ аз тарафи доварони кормандони мактаби варзишӣ И.Соҳибов, Н.Абдуллоев, В.Тӯхтаев, Н.Зоирова баҳогузорӣ карда шуд. Дар варзиши намуди волейбол сазовори ҷойи аввал насиби дастаи бозингарони МТМУ №25, ҷойи дуюм АИО «Бобоев», ҷойи сеюм  шуъбаи маориф  гардид.   Мақсади  гузаронидани ин мусобиқа, тарғиб ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, муайян намудани дастаи яккачини ноҳия буд. Чорабинии варзишӣ аз ҷониби бонувон бо иштироки фаъолона ва таваҷҷӯҳу шавқи хос анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>