Шанбегӣ доир гардид

н.БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 20- солагии Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳия шанбегӣ гузаронида шуд. Кормандони ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ин шанбегӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардорнидани муҳит саҳми худро гузоштанд. Дар шанбегӣ майдончаҳои ҳудуди биноҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуда, саҳни идораҳои ташкилотҳои ибтидоӣ рӯбу чин карда шуд. Дар ин рӯз зиёда аз 3000 бех ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳои ҳамешасабз шинонида шуд. Инчунин 2000 метри  ҷӯйборҳо аз партов ва ифлосиҳо тоза карда шуданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров дар оянда низ  баҳри корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>