Барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳия ва ТИ ҲХДТ «ТҶММ Мададгор»дар варзишгоҳи марказии ноҳия барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ бахшида ба 25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа байни ҷавонони синни то даъватии ноҳия оид ба варзиши сабук доир гардид, ки дар кушодашавии он раиси Шӯрои собиқадорони КИН ҲХДТ Бойтемиров М, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Набиев Ш, раиси ТИ ҲХДТ «ТҶММ Мададгор» Муминов М, мушовири фанни омодагии дифоии ҳарбии шуъбаи маорифи ноҳия Алиев Б, омӯзгорон  ва собиқадорони ҳизб иштирок карданд.  Дар ин мусобиқа 10 даста  аз рӯйи  чор шарт: давидан ба 100 метр, давидан ба 400 метр, ҳаво додани норинҷак ва ҷаҳидан ба дарозӣ қувваозмоӣ намуданд, ки дар ҷамъбасти он дастаи МТМУ №14 ҷойи 1, дастаи МТМУ №3 ҷойи 2 ва дастаи МТМУ №17 ҷойи 3-юмро ишғол намуданд. Ба ғолибон сипоснома ва ҷоми КИН ҲХДТ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>