Нишасти 159-уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”

СУҒД. Маҳфили навбатӣ яке аз муассиртарин нишастҳои ин маҷлиси унс ва маърифат буд. Зеро дар он беҳтарин маърузаву суханрониҳо, пайғомҳо ва шеърҳо ироа гардид. Дар маҳфили илмиву адабии  «Ганҷи сухан” дар толори китобхонаи вилоятии  оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ олимону адибон ва мухлисони каломи бадеъ ҷамъ омаданд. Нахуст маҳфилро роҳбари маҳфил Саидумон Саидов ифтитоҳ бахшида, аз санаи муборак 70 солагии узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад ёд кард ва аз хидматҳои фаровони ин олим дар ҷодаи адабиётшиносӣ ба ҳозирин маълумот дод. Баъд ҳозиринро бо барномаи маҳфил ошно намуд. Гузориши аввал аз ҷониби дотсенти ДДХ  ба номи академик Б. Ғафуров Ислом Раҳимов дар мавзӯи “Ҳунар ва ҳунармандӣ дар осори суханварони тоҷик” ироа гардид, ки бахшида ба соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омода гашта буд. Гузоришгар перомуни ин мавзӯъ баҳси муфассал ороста, байту порчаҳо ва ишораҳоеро дар ин мавзӯъ  аз осори суханварони классикиву муосир ба риштаи таҳлил кашид ва  андешаҳои ҷолиби  худро  зимни ин масоил иброз дошт. Тасмим шуд,ки дар соли равон як маҳфиле бо номи “Шинохти ҳунар” таъсис дода мешавад. Чун анъанаи деринаи  маҳфили “Ганҷи сухан” муаррифии китобҳои тозанашр ва навгониҳои илмиву адабӣ мебошад, дар ин хусус дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Қаюмова Фируза сӯҳбат кард. Қаюмова Ф. аз конфронсҳо ва ҷорабиниҳои илмиву фарҳангие, ки дар анҷоми соли 2017 ва оғози соли 2018 баргузор гаштааст иттилоъ дода, аз нашри зиёда аз 20 китоби нав муҷда расонид. Китобҳое, ки дар муаррифии муаллима қарор доштанд, қисмате аз онҳо дар моҳҳои охири соли 2017 ва қисми дигари онҳо дар ду моҳи аввали  соли 2018 ба тозагӣ рӯи чопро дидаанд.  Аз ҷумла, дар ин гузориш китобҳои “Илм ва амнияти миллӣ” (маводи конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров), “Ҳақиқати илмӣ ва амнияти миллӣ” (маҷмӯи мақолаҳо), “Шеър ва дониш”-и Рустами Ваҳҳобзода, ду китоби Латофат Кенҷаева ба унвони  “Духтари Пайрав” (хотираҳо аз шоираи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ)  ва китоби ашъор ба хатти форсӣ “Садбарги ҳаё”, қитоби “Буфи кӯр”-и Содиқ Ҳидоят, китоби дуҷилдаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба унвони “Мифтоҳи асрорнома” ва “Ҷавҳари ҷовидона”,  “Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ”-и Холида Айнӣ дар тарҷумаи Юнус Юсуфӣ, инчунин 4 китоби тарҷума ба забони ӯзбекӣ, “Антологияи шеъри имрӯзи тоҷик”, ашъори мунтахаби шоирон  “Тасбеҳи ишқ” (Фарзона), “Модарнома”(Лоиқ), “Субҳ ба хайр” (Озарахш), ки аз ҷониби тарҷумони моҳири ӯзбек, шоир Одил Икром (муҳаррири китобҳо дотсент М. Ойматова)  тарҷума гардидааст, муаррифӣ шуд  ва чанд китоби дигар дар ин радиф қарор доштанд.  Дар идомаи маҳфил маърӯзаи пурмӯҳтавои дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов дар мавзӯи “Назаре ба рӯзгор ва осори нависанда Пӯлод Толис” қироат шуд, ки муаллифи мақола дақиқназарона ба зиндагинома ва мероси адабии яке аз нависандагони навовар ва камназири тоҷик Пӯлод Толис, ки муаллифи беҳтарин асарҳои бадеӣ мебошад, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб намуд ва нуктаҳои ҷолибро дар мавриди сабку услуб ва қобилияти нотакрори нависанда дар офаридани асарҳои бадеӣ иброз намуд. Сипас аз минбари адибон садои  шоираи соҳибқалам ва соҳибсухан Дилором бо ашъори  тозаэҷод баланд шуд ва ин  ашъори шоира бо самимият ва ҳассосияти худ дар дили маҳфилиён нақши муассир  гузошт. Чун китоби ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар 2 ҷилд дар рӯзҳои наздик  рӯи чопро дидааст,  перомуни ин китоби тозанашр дотсент Саидов Саидумрон андешаронӣ намуд ва ин осорро ҳамчун шеъри ҳакимона муаррифӣ намуд. Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода муаллифи бештар аз 20 номгӯ асари илмиву таърихӣ ва фиқҳӣ таи ду соли охир ба навиштани шеър машғул аст ва дар ин муддати начандон тӯлонӣ ду ҷилд китоби ӯ оӯи нашрро дид.  Дар идомаи ин суханронӣ бо хоҳиши аҳли нишаст худи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, ки дар маҳфил ширкат доштанд, чанд ғазали андарзӣ қироат намуданд. Дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Шарифҷон Тоҷибоев, ки аз  сафари шаҳри Деҳлӣ баргашта буд, аз таассуроту бардошти хеш аз ҳамоиши илмии дар кишвари Ҳинд баргузор гардида нақл намуд. Гузашта аз ин  қиссаҳои хеле ҷолибу ибратбахш ва бардоштҳои хуб аз ин сафар нақли ӯро пуртаъсир намуд. Сарояндагони хушадо Ҳусейнҷон Юсупов ва Содиқҷон Машарифов бо сурудҳои тозаи хеш ба маҳфил шукӯҳи дигар ато карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>