Саҳми ҷавонон баҳри ободонӣ

бг ёва

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бо ибтикори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри сазовор пешвоз гирифтани 25- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаи иҷроияи ибтидоии минтақаи Ёва бо ҷалби ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ ду тарафи шоҳроҳи Хуҷанд — Чаноқ аз минтақаи Галамайдон то минтақаи Сартӯқайи ҷамоати деҳоти Ёва аз партовҳои ҷӯйборҳо тоза карда шуда, дарахтони шафати роҳ бутта ва сафед карда шуд. Кормандони дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия низ фаъолона иштирок намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани муҳит саҳми худро гузоштанд.    Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оянда низ  баҳри корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>