Қувваҳои мусаллаҳ сипари боэътимоди Ватан

БӮСТОН. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 25 солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории мулоқотҳо бо сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Бӯстон бомаром ҷараён дорад. Аз ҷумла чунин як мулоқот бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии 01972 дивизияи 11-уми тирандози савора, воқеъ дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Нахуст, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд Абдуқодир Нуров оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, раванди дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат аз сарбозону афсарон, пешгирии пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва амсоли инҳо ибрози назар намуд. Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода оид ба таъмини шароити арзандаи хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, номаи табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон муҳтарама Раъно Ҳошимзодаро ба самъи сарбозону афсарон расонид. Аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат Шарипов аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, аз сарбозони далеру шуҷои Ватан хизмати софдилонаву садоқатмандонаро ба нафъи Ватану кишвар даъват ба амал овард.Сипас, муовини якуми раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Николай Мороз низ оид ба ҷасорат ва мардонагии ҳомиёни шуҷои Ватан ибрози назар намуд. Дар интиҳо як қатор афсарону сарбозон изҳори сипосмандии хешро баҳри таъмини шароити арзандаи хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>