Чопи китоби нави ҳизбиён бо номи «Роҳи субот»

МАСТЧОҲ. Дар ҷаласае, ки  бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода баргузор гардид, китоби «Роҳи субот», ки бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба табъ расидааст, муаррифӣ гардид. Китоби мазкур, ки рӯзноманигори шинохта Мирзоҳамдам Шарифзода ва мудири шуъбаи таблиғоти кумиҷроияи ноҳиявӣ Муродулло Почозода омода кардаву Раёсати кумиҷроия онро ба чоп тавсия кардааст, аз фаъолияти кумиҷроия аз замони таъсис – соли 1998 то имрӯз нақл мекунад. Китоб бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи КИМ, ки 5 январи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, оғоз мешавад. Ҳамчунин, матолиби пурмуҳтавои Раиси КИВ, номзади илмҳои филологӣ устод Сарфароз Фаттоҳзода бо унвони «Бо саъйи дурусту азми комил», Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода – «Рисолати созандагӣ» , Раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Дилшод Зокиров – «Барои ҳадафҳои олӣ» дар бораи аҳдофи ҲХДТ, рисолат ва дастовардҳои ин ҳизби созандаву бунёдкор нақл мекунанд. Дар китоби «Роҳи субот»  андешаҳои аввалин раисону аъзо, рӯйхати нахустин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷой дода шудаву роҳи тайкардаи кумиҷроия тӯли ин муддат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.  Китоб дар ҳаҷми 88 саҳифа бо теъдоди 500 нусха чоп шудаву ба доираи васеи хонандагон тавсия гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>