Таваҷҷӯҳ ба оммавияти варзиш

Бустон варзиш

БӮСТОН. Дирӯз бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон дар майдони нишони давлатии шаҳр бо иштироки зиёда аз 300 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолии шаҳр машқҳои оммавии пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории машқҳои оммавии мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ унвон гардид. Машқҳои оммавии варзишӣ бо сухани ифтитоҳии мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов оғоз гардид. Зикр карда шуд, ки мунтазам чунин машқҳои дастаҷамъона ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр ташкил ва баргузор хоҳад гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>