Натиҷагирӣ аз фаъолият

ЗАФАРОБОД. Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод барои соли 2016 баргузор гашт. Дар маҷлиси ҷамъбасти Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод Саидзода Алиҷон ва Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод  иштирок намуданд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Муовини Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз Худоёрович баромад намуда тамоми бурду бохти кумиҷроияро дар давоми соли 2016 ба диққати ҳозирин расонд. Аз ҷумла дар баромади худ қайд намуд, ки Боиси ифтихори ҳар яки мову шумост, ки бо ташаббус ва пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмиллалии «Об барои рушди устувор» дар солҳои 2018-2028 ва дастгирии ин воқеияти ҷаҳонидошта аз ҷонибӣ Маҷмааи Умумиии Созмони Миллали Муттаҳид дар рӯзи ироа гардидани Паёми Президенти кишвар рост омад. Пӯшида нес тки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ва сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф кардаанд. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Зафаробод  мебошад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод давоми соли 2016 дар ин замина ҷиҳати зиёд намудани сафи аъзои ҳизб чораҳои мушаххас андешид. Агар санаи 1 январи соли 2016 теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ 34 адад бошад, охири соли 2016 теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ 2 адад зиёд гардида, миқдоран ба 36 адад расид. Шумораи аъзои ҳизб дар 1-уми январи соли 2016-ум 3590 нафарро ташкил дода бошад, пас имрӯз он ба 4540 нафар расид. Бо ибораи дигар, дар давоми соли 2016 шумораи аъзои ҳизб 950 нафар зиёд гардидааст. Аз шумораи умумии аъзои ҳизб занон 1951 нафар, ҷавонон 2038 нафарро ташкил медиҳанд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод мутобиқи нақшаи пешбинигардида барои соли 2017 бояд ба рӯзномаи «Минбари халқ» 490 адад ва «Сухани халқ» 400 адад обуна мегардид. Дар санаи 22 июни соли 2016 маҷлиси ситоди «Обуна-2017» бо иштироки Муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти суғд Ҷалилов Анвар Расулович гузаронида шуда ба маъракаи обуна оғоз бахшида шуд. Дар чор моҳи фаъолияти худ Ситоди «Обуна-2017» 5 маротиба маҷлис гузаронида ба аъзоёни ситод дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод дар таърихи 24 октябри соли 2016 нақшаи рӯзномаи «Минбари халқ» ва 3 ноябри соли 2016 нақшаи рӯзномаи «Сухани халқ»-ро пеш аз мӯҳлат ба ҷои 490 адад рӯзномаи «Минбари халқ» 491 адад ва ба ҷои 400 адад рӯзномаи «Сухани халқ» 403 адад обуна гардида нақшаи гузошташударо сарбаландона иҷро намуд. Гарчанде пардохти саривақтии ҳаққи узвият нисбат ба солҳои пешин беҳтар шуда бошад ҳам ҳанӯз камбудиҳо дар ин раванд дида мешаванд. Аз рӯи ҳисоботҳои молиявӣ дар соли 2016 даромад аз ҳисоби аъзоҳаққӣ 105 ҳазору 561 сомонӣ ё 91,13%-и даромадҳои пешбинигардидаро  ташкил намуд, ки аз нақша 10 ҳазору 488 сомонӣ ё 8,87% кам мебошад. Дар муқоиса  бо соли 2012 даромади Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод қариб 28 маротиба афзоиш ёфтааст. Воҳиди корӣ аз 2 нафар ба 7 нафар расонида шуд.  Шуъбаҳои нав ба монанди Шуъбаи кор ба занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва  Шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод таъсис дода шуд. Сипас Гирандагони Стипендияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод донишҷӯи коллеҷи политехники Сафарова Сайёра ва хонандаи синфи 11 МТМУ №15 Таҳминаи Мақсудзода баромад намуда миннатдории хешро ба ғамхориҳои пайвастаи КИ ҲХДТ дар ноҳия баён намуданд. Пас аз ин сухан ба Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Зафаробод Саидзода Алиҷон дода шуд. Дар баромади худ Саидзода Алиҷон оид ба фаъолитяи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод сухан ронда таваҷҷуҳи ҳозириро ба масъалаи афзоиши аъзоёни ҳизб зиёдшавии сафи занон ва ҷавонон инчунин беҳтар гардидани пардохти аъзоҳаққи ҷалб намуд. Инчунин пешниҳод намуд, ки беҳтар мегардид дар солҳои минбаъда рӯзнома ва ё ҳафтаномаи ҳизби ноҳиявӣ нашр гардад.  Дар фарҷоми маҷлис ба Кӯдакистон ва муассисаҳои таълимӣ, колеҷҳои ноҳия маҷмӯи китобҳо аз номи КИ ҲХДТ дар ноҳия супорида шуд. Ба иштирокчиёни Спартакиадаи вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>