Паём – дастурамали ҳидоятӣ

ХУҶАНД. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба васоити афкори хирадмандона ва фарҳангпарваронаи хеш дар назди мардуми кишвар вазифа мегузорад, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои миллии хеш аҳамият дода, онро тақвият бахшем ва насли наврасро ҳамчун инсонҳои худогоҳу андешаманд ва соҳибмаърифату бофарханг ба камол расонем, бад – ин васила ба наслҳои оянда зиндагии шоистаро замина гузорем. Тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва густариш додани ҳунарҳои мардумӣ, ки аз нуктаҳои асосии Паёми имсола бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии «Сафина» конференсияи илмӣ – адабӣ ба маърази тамошо гузоштани маҳсули дастранҷи занону гулдухтарони ташкилоти мазкур ва ташкилотҳои ибтидоии «Ганҷина», «Пайравони миллат», «Олами афсона», «Исмат Алихонов», «Парасту», «Маҳастии Хуҷандӣ», «Офтобак», «Ҳамқадам» хеле ҷолибу хотирмон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиши илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Паём – дастурамали ҳидоятӣ» он аст, ки мо бояд ба рушди ҳунарҳои миллӣ ва такомули он саҳм гузошта, Паёми навбатиро чун дастурамали ҳидоятӣ барои соли 2018 қабул намоем. Фарҳанг муҳимтарин омили тарбияи ҷавондухтарон ба он мояи аслии ҳуввияти миллат аст. Маҳз фарҳанг метавонад, миллатро пешрафтаю навовар ва соҳиби обрӯи ҷаҳонӣ гардонад, — мегӯяд мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева. Ҳамраъйӣ ва ҷонибдории хешро ҷиҳати нуктаҳои зикршуда мушовирони муассисаҳои томактабии КИИ «Истиқлол» — Абдуллоева Надия ва Муҳаббат Нозимова, собиқадорони ҲХДТ Дилбархон Ҷаҳонгирова, Мусаббеҳхон Хоҷаева, фаъолзани ҳизб, корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯҳфа Мамадҷонова ва Раиси ташкилоти ибтидоии «Сафина» Муаттар Мамадҷонова иброз намуда, бар он ақидаанд, ки рушду такомулли илму фарҳанги тоҷикона ва муқаддас нигоҳ доштану ҳифзи арзишҳои миллӣ яке аз нуктаҳои меҳварии фаъолияташон хоҳад буд. «Машъалбардорони сафи пеш будан мароми аслии фаъолзанҳои ҲХДТ маҳсуб меёбад,» — мегӯяд муовини Раиси КИШ ҲХДТ Ӯрунбоева М.Х.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>