ДИҚҚАТ, ОЗМУН!!!

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявиро бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудааст. Вобаста ба шартҳои озмун дар бахшҳои расми беҳтарини манзараҳои Тоҷикистон, сомонаи беҳтарини сайёҳӣ, гиди беҳтарин ва видеоролики беҳтарин, ки муҳтавоии муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро инъикос мекунад, маводҳо қабул карда мешавад.

 

МУҲТАВО ВА ШАРТҲОИ ОЗМУН

Дар озмун вобаста ба бахшҳо маълумотҳои гуногун қабул ва корбарӣ карда мешаванд. Дар бахши даҳ расми беҳтарини манзараҳои Тоҷикистон — асосан расмҳои гирифтаи худи иштирокчии озмун бо риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ роҳ дода мешаванд. Расмҳо бояд андозаи ҳарчӣ бештар ва сифати баланди на камтар аз 10 мегапикселӣ дошта бошанд. Ҳар иштирок кунанда метавонад то даҳ расмро пешниҳод намояд. Дар бахши сомонаи беҳтарини сайёҳӣ сомонаҳое ба озмун роҳ дода мешаванд, ки дар онҳо мӯхтавои соҳаи сайёҳӣ аз қабили ҷалби сайёҳон, хизматгузориҳои сайёҳӣ, муаррифии гушаҳои зебоманзари кишвар ба сайёҳон ва амсоли он бо забонҳои русиву англисӣ ва давлатӣ дарҷ ёфта бошад. Дар бахши гиди беҳтарин, аризаи шахсоне қабул ва марвиди корбарӣ қарор дода мешаванд, ки вобаста ба ин ё он самт, мавзуъ, объект, ёдгории таърихӣ, музей ва амсоли он, ки ба фаъолияти муошират бо саёҳон нигаронида шудааст, барномаи муаррификунанда бо забонҳои русӣ, англисӣ ва давлатӣ пешниҳод намоянд. Дар бахши видеоролики беҳтарин наворҳои видеоии то 5 дақиқагие, ки муҳтавоии муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро бо инъикоси одамон, урфу одат, манзараҳои зебо, ёдгориҳои таърихӣ, биноҳои боҳашамат ва амсоли он дар равиши HD инъикос мекунад, мавриди корбарӣ қарор дода мешаванд. Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон на дертар аз 28 августи соли ҷорӣ ба ДКМТ маводҳои зеринро, тариқи почтаҳои электронӣ ё мустақиман бояд пешниҳод кунанд:

- ариза барои иштирок дар озмун;

- маводҳо барои иштирок дар озмун (расм, сомона, видеоролик, сенарияи гид).

Бахогузории иштирокчиёни озмун аз ҷониби комиссияи экспертӣ холгузорӣ шуда, ғолибон муайян карда мешаванд. Ҳангоми баҳодиҳӣ ҳамаи шаклҳои зоҳиршавии фаъолнокӣ дар самти тартиб додан ва ҷорӣ намудани объектҳои моликияти зеҳнӣ ва навовариҳо дар амалия ва раванди кори соҳаи саёҳӣ ҷорӣ карда мешавад.

ҲАЙАТИ КОМИССИЯ

Ҳайати комиссия аз ҳисоби намояндагони Кумитаи ИҲХДТ дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бўстон, Раёсати донишкада, Кумита, Раёсат ва бахшҳои дахлдор оид ба ҷавонон, олимон, мутахассисони соҳа ва шахсони пуртаҷриба интихоб карда мешавад.

САМТҲОИ ОЗМУН

Озмуни мазкур асосан дар самти сомонанигории сайёҳӣ, суратгирӣ ва манзаранигорӣ, сенариянигории муаррифисозии арзишҳои миллӣ-ҷуғрофӣ барои сайёҳон ва наворбардорӣ, монтаж, коргардонии наворҳои видеоии муаррификунандаи арзишҳои миллии ба сайёҳӣ нигаронидашуда мебошад.

МУКОФОТОНӢ

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом, сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулии таъсиснамудаи КИҲХДТ дар вилояти Суғд, Раёсати Донишкадаи кӯҳ-металлургии Тоҷикистон ва дигар ҳамкорони озмун сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамзамон бояд айд намоем, ки дастовардҳои фардҳое, ки ҷойҳои намоёнро ишғолнамудаанд ва муҳим арзёбишудаанд дар сомонаҳои ҲХДТ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишкада ва дигар сомонаҳои дахлдор, ҷиҳати муарриф ба ҷомеа ва дар амал татбиқ намудани онҳо ҷойгир карда мешаванд. Дар баробари ин, маълумоти мазкур бевосита ба шарикони рушд ва бахши хусусӣ (корхона ва ширкатҳои истеҳсолию хизматрасон) муаррифӣ карда мешаванд. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон то 28 августи соли 2018 муқаррар карда шудаст.

Нишонии кумитаи тадорукоти озмун: 735730, вилояти Суғд, шаҳри Бўстон, кучаи Московская — 6, Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон.

Телефонҳо барои тамос: 5-40-40, 927552594,

Почтаҳои электронӣ: gmit_tajikistan@mail.ru, samoan@mail.ru

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>