Самтҳои фаъолият барои соли 2017 муайян гардиданд

ИСФАРА. Маҷлиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара барпо гардид ва дар раванди он масъалаҳои “Ҳисоботи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара оид ба фаъолият дар соли 2016 ва “Тасдиқи самтҳои асосии фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара барои соли 2017” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯйи масъалаи якум раиси кумитаи иҷроияи шаҳриии ҳизб Асадуллоев Б.Ҷ. дар партави ду санади муҳим — Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханронии эшон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб дар хусуси фаъолият дар соли 2016 ва самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб барои соли 2017 гузориш дод. Раиси шӯрои собиқадорони ҳизби шаҳр Аҳмадов О., хатмкардаи мактаби кадрҳои захиравии кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Назиров Ҷ., вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии №11, раиси ташкилоти ибтидоии беморхонаи №1-и деҳаи Ворух Ҳакимова К.М. ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро мусбӣ арзёбӣ карданд.  Узви раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, вакили маҷлисҳои вакилони халқи шаҳр ва вилоят, раиси шаҳри Исфара Расулзода Д.Ҷ. суханронӣ намуда, фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро дар ҳама самту соҳа густурдаву қаноатбахш ҳисобида, дар ин саҳми аъзои кумитаи иҷроия ва фаъолони ҳизбро шоистаи таҳсин ҳисобид ва баробари ин бобати роҳандозии фаъолият дастурҳои мушаххас дод. Аз рӯйи масъалаи дуюм дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (5-уми январи соли 2017) Самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар соли 2017 тасдиқ гардид. Соли 2017 дар Исфара соли кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ эълон шуда, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ба як гурӯҳ ҷавонон, ки ғояҳои созандаи ҳизбро ҷонибдорӣ намуда, барои дохил шудан ба сафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, шаҳодатномаи узвият супорида шуда, аз рӯйи ҷамъбасти соли 2016 кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб дар деҳоти Навгилем, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар шабакаҳои барқи шаҳр, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Абӯалӣ ибни Сино Ҳасанов М., сармуҳосиби раёсати маорифи шаҳр Тӯхтаева М.Р. ва вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр, соҳибкор Маҷидов А.А. бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб қадр карда шуда, ба бонувони сарвари замони истиқлолият Савриддинова Г.С. ва Ёқубӣ М.Б. китоби “Бонувон дар сиёсат” тақдим гардид. Маҷлиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 22-юми декабри соли 2016, ҳангоми суханронӣ дар Маҷлиси кумитаи иҷроияи марказии ҳизб аз 5-уми январи соли 2017, амалагашти Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (Муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020), дар таъмини самарабахшии фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар соли равон, боз ҳам баландтар гаштани мавқею мақом ва обрӯю эътибори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мусоидат хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>