Ҷамъбасти фаъолияти солонаи ҳизб

КОНИБОДОМ. Мутобиқи ҷалвали тасдиқнамудани кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  дар толори коллечи технологии шахри Конибодом мачлиси чамъбастии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри  Конибодом бо иштироки аъзоёни кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ХХДТ  баргузор гардид. Дар кори ҷаласа мудири шуъбаи рушди ичтимои ва робита бо чомеа Махмудов Б ширкат варзид.  Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома  «Ҳисоботи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Конибодом дар соли 2016 ва вазифагузорӣ барои соли 2017»  раиси кумитаи иҷроия Бобочонзода А.Т  маърӯза намуда оиди ҳамаи паҳлуҳои самтҳои фаъолияти кумиҷроия дар соли сипаригардида  муфассал истода гузашт.  Роҷеъ ба маърӯза  Ёкубов А котиби ташкилоти ибтидоии ХХДТ дар БМН, Ализода Н раиси Чамоати дехоти Пулотон, Бобочонов Р раиси ташкилоти ибтидоии идораи пиллахушки, Мирзоаъзамова М корманди Раёсати маориф, Абдуллоева П раиси шурои духтарони КИ ХХДТ ба музокира баромаднд. Мудири шуъбаи рушди ичтимои ва робита бо чомеа Махмудов Б аз фаъолияти солонаи кумитаи иҷроия изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои таблиғотӣ, амалигардонии ҳадафҳои созандаи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ назди ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошт. Накшаи кори барои соли 2017 мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифта тасдиқ карда шуд. Сипас ба 12 нафар омузгорон ва донишчуёни фаъол дар вазъияти тантанави шаходатномаи хизби супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>