Мулоқот бо кормандони кӯдакистони шаҳр

ПАНҶАКЕНТ. Тибқи нақшаи корӣ бо кормандони муассисаи таълимии томактабии №10-и  «Офтобак»-и шаҳр  вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯри раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ва мудири шуъбаи ташкилӣ Шерзод Раҳматов иштирок доштанд. Вохӯриро мудири муассисаи таълимии томактабии №10 — и «Офтобак» Аъзамқулова Нодира оғоз намуда, суханро ба раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дод. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода доир ба Паёми навбатии Пешвои миллат,   дастовардҳои даврони Истиқлолият, обруву нуфузи ҳизб дар ҷомеа, ҳифзу ҳуқуқи кӯдак, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбати кормандони соҳаи маориф ибрози назар карда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи хештаншиносӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба 13 нафар кормандони муассисаи таълимии томактабии №10-и «Офтобак» Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Мураббияҳо аз ин рӯҳбаланд гардида изҳор намуданд, ки ҳамчун аъзоёни фаъоли ҳизб дар пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>