Дарҳои кушод дар рӯзи арафаи иди Артиши миллӣ

КОНИБОДОМ. Дар доираи нақшаи чораҷӯиҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон  «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ дар  қисми  низомии №04080 Рӯзи «Дарҳои кушод» баргузор гардид. Ба чорабинӣ зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳр ҷалб шуданд ва онҳо аз ҳаёти сарбозону афсарони қисми низомӣ бо шароити зисту хизмати онҳо аз наздик ошноӣ пайдо намоянд. Мақсади гузаронидани чорабинӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ғурури миллӣ, хештаншиносӣ ва зиёд намудани сафи ихтиёрон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ мебошад.  Иштирокчиён дар ин рӯз имконият пайдо намуданд, ки бо яроқу аслиҳа, машқҳои низомии афсарону сарбозон, шароити зист ва истироҳати  онҳо шинос гарданд. Ҷавонон бо як завқи баланд ва ифтихор ба пуррагӣ бо фаъолияти қисми низомии мазкур шинос гардида, шоҳиди он шуданд, ки дар ҳақиқат тамоми шароитҳо барои афсарону сарбозон муҳайё аст. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Шарипов А афсарону сарбозонро  аз номи кулли аъзоёни ҳизб ва аз номи Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ  Бобоҷонзода А ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба командири қисми ҳарбии №04080 сипоснома тақдим намуд ва ба ғолиби мусобиқаи волейбол, ки байни сарбозон ва донишҷӯёни Литсейи касби саноати кишоварзӣ баргузор гардида, ба онҳо тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуданд. Сипас санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр, баҳри боз ҳам дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур бо суруду оҳангҳои дилнавоз таъби иштирокдоронро хуш намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>