Иштирокчии ҶБВ ва сарбозони ватан аёдат шуданд.

панчакент

ПАНҶАКЕНТ. Дар чорабинии фарҳангӣ ба муносибати 25 – солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар толори Қасри фарҳанги шаҳр, ки бо иштироки зиёди аскарону афсарон доир гардид, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода иштирок намуд. Сипас, ҳамроҳ бо роҳбарияти мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр кормандони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, Шӯрои собиқадорони ҳизб ва бонувон давоми рӯз дар  қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр  бо аскарон ва афсарон вохӯрӣ намуда ҳамаи онҳоро ба ин муносибат табрик намуда ба онҳо тансиҳати, хотирҷамъӣ  ва барои адои химати модар- ватан мувафақиятҳо таманно намуданд.       Баҳри онҳо дастархони идона ороста шуда, ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ба барномаи консертӣ баромад намуданд. Дар ҳафтаи идона  тибқи нақшаи корӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аёдати  иштирокчии Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ Шарифов Ҷамол ва сарбозони ватан  Шарифов Алимардон ва  Саиднури Луғмон ба роҳ монд. Аз тарафи раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Мурод Шукурзода ба ин оилаҳо маводи хурока дастрас карда шуд. Шахсони аёдат кардашуда шукронаи Истиқлолияти кишварро намуда, ба Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>