Интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят

конибодом

КОНИБОДОМ. Дар ҳавзаи интихоботии «Ғафурҷон Ортиқов»№20-и шаҳри Конибодом маъракаи муҳими сиёсӣ –интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят (даъвати панҷум) ба ивази вакили хориҷшуда баргузор гардид. Интихобкунандагон – сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов аз субҳ бо рӯҳияи болида ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, вакили арзандаро интихоб намуданд.   Дар ҳамаи 7 участкаҳои интихоботӣ барои дар сатҳи зарурӣ сурат гирифтани маъракаи интихобот тамоми шароитҳо муҳайё гардид ва омодагии ҳамаҷониба дида шуд. Ҳамзамон ба ивази вакили хориҷшуда ба  интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят (даъвати панҷум) номзадии 3 нафар шахси арзанда-иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, директории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 Шаҳло Мирзоева ва раиси хоҷагии деҳқонии «Фаровон» Комилҷон Султонов пешбарӣ шуданд. Дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ 13504 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 7023 нафар занҳо ва 235 нафар аввалин маротиба овоз доданд. Интихобкунандагон бо дарки масъулиятшиносӣ ва эҳсоси ватандорӣ, ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистон ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз доданд. Дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ пирӯзиро иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба даст оварданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>