Мақсади нопоки “озодандешон”

pottermore-magical-quill-o

АНДЕША. Рӯзҳои охир баромадҳои ғаразноки гурӯҳи “Анҷумани озодандешони тоҷик”, ки мақсадҳои нопок доранд, дар сомонаҳои интернетӣ фаъол гаштаанд. Аввалан ба онҳо ҳеҷ нафаре иҷозат надодааст, ки аз номи миллате, ки аз азал бофарҳанг, сулҳдӯсту сулҳпарвар ва созандаву ободкор аст, номи гурӯҳи худро бо миллат вобаста намоянд. Ин ҳамон гурӯҳе ҳастанд, ки ҳизби худро бо номи Исломи пок пайваста, мардумро ба доми даргириҳо, ҷангҳои хонумонсӯз ва азобу шиканҷа андохтанд, лекин ба мақсадҳои нопоки худ нарасида, шармандавор аз Ватан гуреза шудаанд. Имрӯз бошад гурӯҳи худро бо миллати тоҷики тоҷдор, ки Ватани худро обод карда, ба тамоми ҷаҳониён нишон додааст, тавъаманд гардониданӣ ҳастанд. Агар ин шахсиятҳо аз миллати тоҷик мебуданд, ингуна рафторҳои ношоиста намекарданд, зеро тоҷики асил ягон маротиба ба ягон давлат ҷангро наовардааст ва фазои тинҷу осоиштаи ягон кишварро халалдор накардааст, ҳоло ватани худаш яксӯ истад. Ин “озодандешон” бошанд танҳо барои ноором кардани фазои тинҷу ороми давлати худ мекӯшанд. Ин гурӯҳ дар тӯли мавҷудияти ҳизби пештараашон бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ кадом корро ба нафъи халқу ватан анҷом додаанд, ки  акнун анҷом диҳанд.  Байни халқ суханҳои пуч гуфтан, худро доно тарошидан, ваъдаҳои осмониро  ба онҳо додан ва гумроҳ кардани мардум ҳамин аст коре, ки аз ӯҳдааш онҳо мебароянд, на чизи дигаре. Ин ватанфурӯшон беҳтараш мегуфтанд, ки дар хориҷа аз ҳисоби кӣ зиндагӣ мекунанд, ба кӣ хизмати холисона мекунанд ва фикри “озод”-и киро баён мекунанду худро “озодфикрони тоҷик” меноманд. Амали ин гурӯҳро маҳкум намуда, маслиҳат медодем, ки чашмашонро калонтар кушоянд то Тоҷикистони ободу озод ва пешрафтаро бубинанд ва ақли солими худро ба кор андозанд.

                                                    Азизи Воҳид

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>