Биҳишт зери қудуми модарон аст, на зери қудуми хоҷагон

Муроҷиат ба аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИТ, “Анҷмунаи озодандешон тоҷик” ва гуруҳи мамнӯи 24

Бузурге мефармояд:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.

Эҳтироми волидайн ва иҷро намудани супоришу хоҳиши онҳо аз беҳтарин сифати инсонӣ буда, некиву накукорӣ ба онҳо, бароварда намудани ниёзҳояшон хусусан дар дами пирӣ касро ба ояндаи дурахшон ва босаодат хоҳад расонид. Гуфторе байни мардум маъмул аст, ки “агар дарахт бо об сабзад инсон бо дуо хоҳад сабзид”. Чун аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИТ, “Анҷмунаи озодандешон тоҷик” ва гуруҳи мамнӯи 24 бадандеш ва гумроҳ ҳастанд шояд ин гуфторро ба фаҳмиши танги худ дарк ва қабул кунанд. Шояд онҳо ду ҷониб будан ва ё ду сар доштани дуоро надонанд. Чунки то ин дам дар ёд надорам, ки ягон модаре ва ё ҳаммиллате нисбати онҳо дуои нек карда бошад. Ҳамагон аз рӯиши чунин фарзандони нохалаф безоранд. Аз рӯ, бори дигар ҳушдор медиҳем, ки дуои нек инсонро месабзонад, на дуои бад. Чун шумо наҳзатиҳо ва “озодандешон” худро дар минбарҳо ҳомии дини мубини ислом вонамуд мекунед, гумон мекардам шояд дар мавриди эҳтироми падару модар аз китоби муқаддаси Қуръон хондаед. Аммо кирдору рафтори шуморо дар ин маврид мебинам боз ба ҳайрат меафтам, андешае ба сарам меояд, ки шумо заррае дар ин бора хабар надоред. Зеро барои шумо хоҷа аз волидайн боло меистад. Барои исботи гуфтаҳо мисоле меорам, ки воқеист ва он ҳатто аз ҷониби роҳбари ҳизби онвақтаи наҳзати ислом ҳозира роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ содир шудааст. 3-юми майи соли 2012, баъди адои намози зуҳр дар масҷиди деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод маросими ҷанозаи модари Кабирӣ бе иштироки ӯ баргузор гардид. Ба шарҳи наҳзатиҳо, ки гӯиё Муҳиддин Кабирӣ барои иштирок дар як конфронси байналмилалӣ ва мулоқот бо муҳоҷирини меҳнатӣ ба Маскав рафта буд, имкони ширкат дар ҷанозаи модарашро пайдо накард. Аммо паҳлӯи рашвани масъала ин аст, ки аз он замон ошкоргардии камбудиву норасоии наҳзат ва сӯйистифодаи дини мубини ислом, ки дар ҳизб мушоҳида мегардид, Кабирӣ аллакай бо супориши хоҷагонаш барои дар хориҷ аз кишвар барои афзун намудани сафи наҳзат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии азияткашида ва мушкилидошта камар баста буд. Кабирӣ медонист, ки агар ин супоришро иҷро накунад, хоҷагонаш аз ӯ рӯй мегардонанд. Онҳо дигарбора ба ӯ кӯмак намекунанд. Ҳамзамон дарк мекард, ки дигар барояш аз модари даргузашта манфиате нест. Аз ин рӯ баргузории мулоқот ва суҳбатро дар мавриди гумроҳкунии ҷавонони муҳоҷир авло донист. Бо ин роҳ Кабирӣ гӯиё содиқ будани худро ба хоҷагонаш нишон дод. Ӯ дар як сӯҳбати телефонии худ, ки ба мардуми дар маросими ҷаноза ҷамъомада тавассути баландгӯяк расонда мешуд, азҷумла чунин иброз дошт: “Миннатдорам, ки дар ин рӯзи душвор ҷойи моро пур кардед. Мо ки натавонистем дар ин лаҳзаҳо дар паҳлӯи модар бошем, яко яки шумо ҳамчун фарзанди модарам ба ҷои мо ҳастед.” Саволе пайдо мешавад, ки кадом инсон метавонад дар қалби модар ҷои ҷигарбандашро пур кунад? Агар чунин мешуд… Аз ин бармеояд, ки ба гӯши Кабирӣ фармудаи “биҳишт зери қудуми модарон” — “биҳишт зери қудуми хоҷагон” расидааст. Мавриди дигар, ки шаҳодат аз канор гузоштани модар ва авло донистани хизмат ба хоҷагон ошкор гардида истодааст, ин рафтори хоини миллати тоҷик Сайидюнуси Истаравшанист. Ин нокас дар забонаш дигар гап асту амалаш дигар. Ин мисли ҳамон воизест, ки хоҷа Ҳофиз васфаш карда:

 Воизон к-ин ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват меравад в-он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс,
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

 Масалан дар торнамое, ки ба Сайидюнус ва хоҷагонаш марбут мебошад, оид ба эҳтироми волидайн оварда шудааст, ки:

 Некӣ бо модар намову бо падар,
Дарди онҳоро ба ҷони худ бихар!
Пир гардад гар яке ё ҳардувон,
Пеши ту эй огаҳ аз асрори ҷон!
Рӯ туруш манмову ҳаргиз уф магӯ,
Бо хушӣ бинмо ба онон гуфтугӯ.

           Аммо дар амал бинем агар имрӯз дур аз модар Сайидюнус ба хизмати хоҷагонаш машғул буда, тарки модар кардааст. Ҳатто бо супориши хоҷагонаш дар кишваре, ки модараш дар он зиндагӣ мекунад барои нооромиву бесуботии он мекӯшад. Яъне Сайидюнус бо модари худ ҷанг эълон кардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳтироми модар зикр доштанд, ки: “Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.” Агар аз нигоҳи дини мубини ислом ба масъалаи эҳтироми падару модар назар афканем, маълум мегардад, ки барои ҳар як фарди мусулмон баъд аз Холиқу Паёмбари  акрам (с) падару модар маҳбубтарин шахс мебошанд.

Парвардигор ба падару модари худ меҳрубон будан, ҳамеша нисбати онҳо сухану амалҳои боиси хушҳолиашон гардандаро анҷомро фармудааст. Барои волидон фарзандони солеҳ ҳадяи беҳтарини Холиқи ягона, нури чашмон, фараҳу сурури қалбҳоянд. Дар Қуръони карим доир ба ҳамин мавзӯъ чунин оварда шудааст:
«Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунё аст ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рўи савоб беҳтаранд ва аз рўи умед доштан хубтаранд» (Сураи «Каҳф», ояти 46). Расули Акрам (с) низ фармудаанд: «Яке аз нишонаҳои саодату хушбахтии мард доштани фарзанди солеҳ мебошад» («Мизону-л-ҳикма», ҳадиси 6736). «Хушнудии Худованд дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худованд дар хашми падару модар» (Ҷомеъу-с-сағир»-и Суютӣ, ҳадиси 4457). Худованд оқилу доност, ҳамаи он аъмоли хайре ба даргоҳаш қабул мегардад, ки холисона анҷом дода шудааст. На мисли ҳурмату эҳтироме, ки нисбат ба волидон аз рўйи риёву худнамоӣ  ва миннату таъна иҷро шуда, дилҳояшонро меранҷонад. Бо амри Холиқи Якто, аввалину хубтарин некўкорӣ дар ҳаққи волидон ин ҳурмату эҳтироми эшонро ба ҷо овардан дар мадди аввал истода, сипас  таъминоти моддии онҳо мебошад. Ҳурмату эҳтироми волидон дар Қуръон хеле муҳим арзёбӣ гардидааст. Ин аст, ки дар чандин оятҳои Қуръон Ў моро ба ин раҳнамоӣ карда, амалашро фарз намудааст. «Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст; ва аз шир ҷудо кардани ў дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун! Бозгашт ба сўи Ман аст» (Сураи «Луқмон», ояти 14). Аз Расули акрам(с) дар гиромӣ доштани волидон чунин фармудааст:

«Бандае, ки аз волидайн ва Парвардигораш итоат ва фармонбардорӣ кунад дар болотарин дараҷаи биҳишт қарор дорад» («Канз-ул-уммол», ҳадиси 45480).

«Намози касе, падару модараш аз ӯ хашмгин ва норозӣ бошанд қабул намешавад» («Канз-ул-уммол», ҳадиси 45485).

«Ба се чиз нигоҳ кардан ибодат аст: 1) назар кардан ба рӯи падару модар; 2) нигоҳ кардан ба Қуръон; 3) нигоҳ кардан ба баҳр». («Канзу-л-уммол», ҳадиси 45336).

«Ал-ҷаннату таҳта-л-қудуми уммаҳот»,  «Биҳишт зери пои модарон аст».(«Луббу-л-албоб», Ровандӣ, ҳадиси 17933, «Ат-тарѓиб ва-т-тарҳиб», ривояти ибни Молик, ҳадиси 448).

Аз забони Паёмбар Яҳё (раз.) дар Қуръони карим оварда шудааст:
«Ва (маро) ба модари худ некӯкор (сохтааст) ва маро гарданкаши бадбахт накардааст» (Сураи «Марям», ояти 32).

Накўӣ ба падару модар беҳтарин ибодат ва асли тоатҳо буда, роҳест ба сӯи ҷаннат. Подоши накўӣ ба падару модар аз  он иборат аст, ки соҳибашро ба ҷаннат мебарад. Дар Қуръони карим ба фарзандон, ҳатто иҷозати «уф» гуфтанро ба волидайнашонро надодааст:

«Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар  накўкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо ё ҳарду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магў ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некў бигў!  Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи  фурўтаниро барояшон паст кун ва бигў: «Эй Парвардигори ман,  бар онҳо бибахшоӣ, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!» (Сураи «Исро», оятҳои 23-24).

Дар ҳадиси дигари шариф омада: «Ривоят аст аз Абуҳурайра (раз.), ки гуфт: «Гуфт Набӣ алайҳи-с-салом: Се дуо ба  даргоҳи Худованд мустаҷоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар.

Тирмизӣ (раҳ.) аз Абдуллоҳ ибни Умар (раҳ.) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Худои таоло аз он банда розӣ бошад, ки падару модар аз ў розӣ бошанд ва ҳар он банда, ки падару модараш аз ў розӣ набошанд, Аллоҳ таоло  он бандаро ба ғазаби худ гирифтор карда, дар оташи дўзах бияндозад».

Дар «Ҷомеъ-ус-сағир» омада: Аллоҳ таоло итоат ва фармонбардории падару модарро амр кардааст. Ҳар ки падару модарро фармонбардор бошад, эшонро итоат карда бошад, аз аҳли ҷаннат аст. Ҳар касе, ки  волидайнро озор дода бошад, Аллоҳ таолоро дар ғазаб оварда бошад».

Замоне, ки ибни Ҳубайра Имом Абуҳанифаро барои муншӣ шудан  даъват дод ва эшон имтиноъ варзид ва бар асари он ба Имом Абўҳанифа шаллоқ заданд, модари Имом зинда буд ва бисёр нигарон шуд. Имом Абуҳанифа мефармуд: «Аз ин шиканҷа нороҳат нестам, вале аз ин ки модарам аз ин масъала ғамгин мешавад, нороҳат ҳастам». Хулоса, ба аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИТ, “Анҷмунаи озодандешон тоҷик”, гуруҳи мамнӯи 24 ва дигар хоинони миллати тоҷик муроҷиат намуда, баён медорам, ки ба хотири эҳтироми Ватан, ки дар он модаратон зиндагӣ мекунад ва ё дар он оромгоҳи модаратон вуҷуд дорад ба Ватан – Модар хиёнат накунед. Бовар дорам, ки модаронатон низ аз кирдори шумо ризо нестанд. Зеро ягон модар бадбахтии фарзандро намехоҳад. Аз ин рӯ, хиёнат ба Ватан – хиёнат ба Модар аст. Муборизаи шумо бо Ватан – мубориза бо модаронатон аст. Эълони ҷанги шумо бо Ватан эълони ҷанг бо модаронатон аст, зеро дар ин Ватан дар канори ҳамватанон модарони шумо низ зиндагӣ мекунанд. Нооромсозии Ватан – нооромсозии модаронатон ва агар фавтида бошанд нооромсозии рӯҳи онҳост, зеро аввалин шаҳди талхи ҷангу хунрезиву қатлу кушторро модарон мечашанд. Аз ин рӯ, бори дигар даъват ба амал меорем, ки агар дар қалбатон заррае раҳму шафқат ва эҳсоси муҳаббат нисбат ба модар доред аз хиёнат ба Ватан – модар даст кашед. Боқӣ қазоват аз шумост.

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>