Сабқат байни сарбозону афсарон

сабқат

БӮСТОН. Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар доираи истиқболи сазовори 25-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳр мусобиқаи шаҳрӣ аз намуди варзиши сабук байни афсарон ва сарбозони қисмҳои низомии шаҳр ташкил ва баргузор гардид. Дар мусобиқа, 6 дастаҳо аз қисмҳои низомии шаҳр дар ҳайати 15 нафарӣ иштирок намуда, аз рӯи намудҳои давидан ба масофаи 3000 м, давидан ба масофаи 100 м, ҷаҳидан ба дарозӣ, ҳаво додани норинҷак ва турниккашӣ қувваозмуӣ намуданд. Дар натиҷа, аз намуди давидан ба масофаи 3000 м Раҷабов Беҳрӯз аз қисми низомии 051056 ғолиби ҷои I, Сатторзода Ҷамшед аз қисми низомии 051056 ғолиби ҷои II ва Достонов Навоӣ аз худи ҳамин қисми низомӣ ғолиби ҷойи  III дониста шуданд.  Аз намуди  давидан ба масофаи 100 м Бодуров Алимат ғолиби ҷойҳои I, Деҳқонов Алишер ғолиби  ҷойи II аз қисми низомии 051056 ва Чулчаков Қурбоншоҳ аз қисми низомии 07826 ғолиби ҷойи  III дониста шуданд. Аз намуди ҷаҳидан ба дарозӣ Рӯзиев Наврӯз аз қисми низомии 051056 ғолиби ҷойи I, Сироҷов Зокир аз қисми низомии 051056  ғолиби ҷойи II ва Давлатов Абдухолиқ аз қисми низомии 051056 ғолиби ҷойи  III дониста шуданд. Аз намуди ҳаво додани норинҷак  Умронов Раҷабалӣ аз қисми низомии 051056 ғолиби ҷойи I, Анваршоҳзода Вафо аз қисми низомии 08362 ғолиби ҷойи II ва Султонов Маҳмудҷон аз қисми низомии 051056 ғолиби ҷойи III дониста шуданд. Аз намуди турниккашӣ бошад, Давлатов Ансор аз қисми низомии 051056  ғолиби ҷойи I, Ҳалимов Фирдавс аз қисми низомии 08362 ғолиби ҷойи II ва Ҳоҷиев Ҳошим аз қисми низомии 051056  сазовори ҷойи III дониста шуданд. Ғолиби мусобиқаи мазкур қисми низомии 051056 Горди миллӣ дониста шуда, инчунин ғолибони ҳар як намуд (ҷойҳои 1, 2, 3) бо медал, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>