Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ

СПИТАМЕН. Санаи 27 феврали соли 2018, дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, дар асоси нақшаи тасдиқгардида, маҷлиси Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҷамъияти Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлиси мазкурро раиси Шӯрои ҷамъиятии ноҳия Сулаймонзода А.Р., раисӣ намуд. Дар маҷлис аъзоёни Шӯро, раисони ҳизбҳои сиёсӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо иштирок намуданд. Ҳисоботи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ шунида шуд. Оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Сотиболдиева Ойгул, раиси ҷамоати деҳоти Т.+лҷабоев Саидзода Собир, сармуҳаррири ҳавтавораи ноҳиявии «Паёми Спитамен» Фируз Боқӣ баромад намуданд. Дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими рӯзномаи маҷлиси Шӯрои ҷамъиятӣ ва Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен роҳбарони ҳизбу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар аъзоёни Шӯро фаъолона иштирок намуда фикру мулоҳизаҳои судманд ва андешаҳои ҷолиби худро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>