Амалигардонии Барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рисолати бузург аст

СПИТАМЕН. Барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронида шудааст. Ва мо, ҳар яке, узви ҲХДТ ин рисолатро бояд пайваста тақвият бахшем, ҷидду ҷаҳд  намоем, ки ҳизби воқеану ҳам мардумӣ бошем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Роҳбари бохиради ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Маҷлиси Кумитаи Марказии ҲХДТ, ки санаи 16 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирокчиёни маҷлисро барои таҳкими ҳамаҷонибаи сулҳу ваҳдат, меҳнати садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан даъват намуданд. Инчунин, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ворисони созандаи имрӯзу фардо ҳамеша эътибори ҷиддӣ дода, иқдомҳои шоиста ва ташаббусҳои созандаи онҳоро барои ободиву пешрафти кишвар дастгирӣ менамояд. Яке аз самтҳои асосии Барномаи ҳизб масъалаи кор бо ҷавонон ба ҳисоб меравад. Бо ҳамин мақсад, имруз, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, мудири шуъбаи ташкилӣ В.Болтуева, сармутахассиси самти ҷавонон Д.Абдуқаюмова бо баробари вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва зиёд намудани сафи ҳизб, аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии бозори «Шукрона», «Истгоҳи Спитамен», «Деҳқон», «Фарҳанг», идораи МНДРА-и ноҳия дидан намуданд. Бо мақсади зиёд намудани сафи аъзоёни ҲХДТ ва нагузоштани фазои холӣ дар ин ташклотҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд. Дар кори  ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ ёрии методӣ расонида шуд. Зимни корбарӣ, кормандони Кумитаи иҷроия оид ба амалигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», вайроншавии оилаҳои ҷавон, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон ва  рушди ҳунарҳои мардумӣ гуфта гузаштанд. Барои фаъолияти назарраси ташкилоти ибтидоии бозори «Шукрона» ба раиси ташкилот Мирзоев Тимуршоҳ Ифтихорномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>