Ҳунарҳои асили ниёгон

АШТ. Дар доираи эълон гардидани «Соли 2018 -Соли рушди сайёҳӣ ва      ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар литсейи рақами 2-и ноҳия ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши ҳунарҳои дастони моҳири хонандагони ин муассиса ба амал бароварда шуд.Духтарон, ки дар дарсҳои иловагӣ ба азхудкунии касби дӯзандагиву бофандагӣ, сӯзанидӯзиву ресандагӣ машғуланд ва писарбачагон, ки ҳунарҳои асили ниёгонамон — кандакорӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳоро азхуд менамоянд, офаридаҳои хешро ва инчунин рассомони наврас тасвири манзараҳои зебои диёрро  манзури ҳозирин намуданд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Рузиматов Д.  зикр намуд, ки эълон гардидани «Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» боз як дастгирии беназир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар ин самт маҳсуб меёбад. Иқдоми навбатии  Раиси муаззами ҳизб барои ҷавонони  ҳунарманд боз як имкониятест, ки ҳунарҳои дӯстдоштаи худро сайқал диҳанд. Ҳамчунин оид ба рушди сайёҳӣ, ки имкониятҳои фарох дар ин соҳа дар ноҳия вуҷуд дорад, сухан ронд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>