Меҳри Шумо ҳамеша дар дидаву дили мо

ДЕВАШТИЧ. Дар маҷлисгоҳи шӯъбаи маорифи ноҳия бахшида ба 25-солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти  муҳофизони сохти конститутсионӣ баргузор гардид. Мавриди зикр аст, фарзандони шуҷои Тоҷикистон, ки барои миллату халқи худ хизмат карданд, ба таври ҳамешагӣ дар мадди аввали назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти вилояту ноҳия қарор доранд. Ин ҷамъомад далели он ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои ноҳия мебошад, ки  барои барқарории сохти конститутсинонии Ватани маҳбубамон саҳм гузоштаанд. Баромадкунандагони ҷамъомад аз ҳодисаҳои нангини ҷанги бародаркуш ҳарф зада, иштирокдорон алалхусус ҷавононро даъват намуданд, ки ҳамеша ватандўст ва ватанпарвар гардида муҳофизони шоистаи Истиқлолияти кишвари худ бошанд ва барои гулгулшукуфоии ватани маҳбуб хизмати содиқона намоянд. Дар мулоқот Раиси КИН ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилиён ба сухан баромада, оиди хизматҳои ҷасуронаи онҳо ҳарф зад. Инчунин аз ҷониби Роҳбарияти ҳизб бо Сипоснома ва Ифтихорнома ташкилоти ҷамъиятии барқароркунандагони сохти конститутсионӣ қадршиносӣ карда шуд. Омӯзгор Зайниддин Каландаров дар суханронии хеш қайд намуд, ки Шумо ҷавонони бонангу номус, ки дар ҳамон рӯзҳо барои ҳифз кардани Истиқлолияти Тоҷикистон камари ҳиммат баста будед, номи Шумо ҳамеша ва абад дар таърих навишта шудааст. Дар чорабинӣ ҳамчунин як қатор муборизон бо медали ҷашнии сарисинагӣ барои пойдор намудани сулҳ дар Тоҷикистон саҳм гузоштаанд супорида шуд. Ҳайит Туробов зикр намуд, ки барои дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояту ноҳия, ки нисбати мо мекунанд миннатдории хешро изҳор менамоям. Баҳри ҳифзи Истиқлолият лозим ояд ҷони худро фидо мекунем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>