Вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ

бустон

БӮСТОН. Тибқи ҷадвали алоҳидаи баргузории вохӯриҳо дар доираи  расонидани  дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16 феврали соли равон дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибидоии  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон мулоқотҳои судманд  баргузор гардида истодааст. Ҷамъомади навбатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар   корхонаи ҶДММ  «Суғд- Пак» баргузор гардид. Сараввал,  ҳангоми суханронӣ мутахассиси шуъбаи рушди  иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Бобоназарова Гулмира оид ба  иқтидори истеҳсолоти  корхонаи ҶДММ «Суғд – Пак»  маълумот дода, қайд намуд, ки  соли  2017 барои корхона  соли пурфайз ва хотирмон буд. Зеро  бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нав дар дохили корхона кушода шуда, иқтидори истеҳсолоти корхона  руй ба  ташаккул ниҳодааст. Сипас, аз ҷониби  кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳр мӯҳтавои  суханронии  Раиси муаззами ҲХДТ  дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи  Марказии ҲХДТ ба  намояндагони  соҳаи саноати  шаҳр  расонида шуд. Чунин вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳр баргузор гардида истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>