Мулоқот бо омузгорони ҷавон

заф

ЗАФАРОБОД. Ҷиҳати зиёд намудани сафи ҳизбиён аз ҳисоби омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Зафаробод деҳаи Зафар вохурӣ ва мулоқот доир гардид. Дар ин вохӯри иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Дониёров Парвиз, мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳия Ашӯров Р, директории МТМУ №8 Саҳбои Авазпур, омӯзгорон ва кормандони муассиса зиёда аз 28 нафар иштирок намуданд. Дониёров Парвиз дар баромади худ қайд намуд, ки  соҳаи маориф яке аз маҳаки асосии идеологияи ҷомеа ба шумор рафта сухани омӯзгор ҳамеша ҳадафрас аст. Ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нибати кормандони соҳаи маориф ва илм ҳамеша эҳсос мегардад. Дар Паёми навбатии худ такид карданд ки аз 01 сентябри соли 2018 музди маоши кормандони соҳаи маориф 15% зиёд карда мешавад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод низ барои дар амал татбиқ намудани ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Стипендияи ҲХДТ дар ноҳия, дастгирӣ намудани омӯзгорони ҷавон, ҳамасола аз ҳисоби захираи моддии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод ва шахсони саховатманд таҷҳизонидан ва ташкил намудани синфхонаҳои намунавиро ба роҳ мондааст. Саволу ҷавоб ва миннатдории омӯзгорон барои чунин мулоқоти судманд аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ба вохурии мазкур ҳусни анҷом бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>