Қадршиносии бонувони фаъол аз ҷониби “Созандагони Ватан”

ДЕВАШТИЧ. Тибқи нақшаи силсилачорабинихои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар якҷояги бо шӯъбаи маориф бахшида фарорасии чашни Модарон дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №1 ва муассисаи тахсилоти томактабии №1 чорабинихои фарҳангиву маънавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар зинаи ахтарони МТМУ №1 бо роҳбарии омӯзгори синфи русӣ Холова Лола ва бо иштирок Падару Модарони ҳонандагон дар руҳияи идона баҳри болидахотирии волидон ташкил гардид. Булбулакони боғи дониш дар назди иштирокчиён Модарони худро бо шеъру суруд, саҳначаву рақсҳои беҳамтои худ хамчун тӯҳфа ба ҷашни Модарон табрику таҳният намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар муассисаи таҳсилоти томактабии №1 чунин чорабиниҳои ҷолиб ташкил ва баргузор гардида кӯдакони даврони Истиқлолият Модарони худро бо забони русиву тоҷикӣ табрик намуда баҳри онҳо табрикномаҳое, ки ба дасти худ сохтаанд тақдим намуданд. Дар чорабиниҳои мазкур роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок ва суханронӣ намуда, ба омӯзгорону тарбиядтдиҳандагони фаъол бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>