Чорабинии фарҳангӣ дар арафаи Наврӯз

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бахшида ба иди Наврӯзи оламафрӯз дар минтақаи Хистеварз чорабинии фарҳангӣ – тарбиявӣ бо иштироки занону духтарони фаъол ва собиқадорони ҳизбӣ баргузор гардид. Муовини озоди КИИ минтақаи Хистеварз Ҷураева М., сараввал меҳмононро муаррифӣ намуд ва мақсади баргузории ин чорабиниро шарҳ дод. Раиси КИИ минтақаи Хистеварз Раҳимова Б., зимни баромад қайд намуд, ки ҳар сол дар арафаи Наврӯзи нозанин ҷашн гирифтани иди занон бесабаб нест, зеро баҳору зан дар офариниши зебоӣ ва малоҳату тароват ба ҳамдигар басо монанд ҳастанд. Ниёгони азизи мо айнан дар ҳамин рӯзу соат иди занонро барпо намуда, ба занони дурусткору пок ва хайрхоҳ арҷ мегузоштанд ва имрӯз ҳам, хушбахтона ин анъана боқист, зеро занон фурӯзонкунандагони оташи муқаддаси хонадон, тарбиятгари фарзандони солеҳ ва симои давлату миллат мебошанд. Дар охир хонандагон дар фасли модар шеъру таронаҳо қироат намуда, хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>