Пойдевори нави дӯстиву ҳамкорӣ гузошта шуд

АНДЕША. Санаҳои 9-10 марти 2018 таваҷҷӯҳи тамоми мардуми кишварҳои ҳамчавор — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба як воқеаи муҳими сиёсӣ, воқеае, ки солҳо инҷониб сокинони зиёди ду ҷумҳурӣ онро бесаброна, бо як ҷаҳон ормону орзуҳо интизораш буданд, равона гардид. Он ҳам бошад, рӯзҳои ба таври расмӣ оғоз ёфтани муносибатҳои дӯстиву ҳамкории миёни ин ду давлате, ки халқҳояш аз қаъри асрҳо ҳамдилу ҳамфарҳангу дӯсту бародар мебошанд. Дар ин рӯзҳои таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафари давлатӣ ба ҷумҳурии мо ташриф овард. Тоҷикону тоҷикистониён бо сарварии Пешвои муаззами миллат раисҷумҳури Ӯзбекистони бародарро бо самимияти афзун, дар сатҳи олӣ пазируфтанд. Чунин истиқболи самимона далел барон аст, ки мардуми мо ҷонибдори ҳақиқии сиёсати «дарҳои боз»-и ҳукумати ҷумҳуриву Пешвои миллат мебошанд. Тавре мегӯянд: дӯстии халқҳо нерӯи бузург аст. Алайҳи он ягон қувваи бадхоҳу бадниҳод сар боло карда наметавонад. Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бошад, таърихи якчандасра дораду бар асари баъзе сабабҳо чанд даҳсолаи охир каме коҳиш ёфт. Вале мардуми ҳар ду давлат низ дар кунҷи қалбҳои хеш умеду орзуе доштанд, ки рӯзе мерасаду ба ҷӯйи пештар об омада боз об меояд. Чунин нияту орзуҳои неки мардумон имрӯз, дар ин айёми баҳори нозанин ҷомаи амал ба бар намуд. Шурӯъ аз худи фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе вохӯриву оғӯшкуниҳо ва сӯҳбату мулоқоти сарони ду кишвар чунон самимонаву сидқидилона, гарму дорои илтифоти хоса буд, ки кулли пешвозгирандагон ва тамошобинони телевизиони кишварамон ғарқи дарёи фараҳу нишот гашта, ҳатто онҳое низ кам набуданд, ки аз дидаҳояшон ашки шодӣ равон гашт.  Ҳа, ин ба гуфтан осон. Бо иқдому ибтикори сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба иборае яхҳои чандинсола об гаштаву гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз. Ба мисли пештара равуои ду халқи бо ҳам дӯсту бародари ҳамсоя, ҳамкориву муносибатҳо дар бисёр соҳаҳои хоҷагии халқ оғоз ёфтанд. Мо аз суханрониҳои сарони ҳарду кишвар дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад», зимни баргузории барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» хеле ба ваҷд омадем. Бе муҳобот гуфта метавон, ки Президентҳои Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев идомабахши дӯстиву рафоқати самимонаи Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ мебошанд, ки он ҳанӯз аз асри XV ибтидо гирифтааст. Онҳо бори дигар ба ин дӯстие, ки маншаъ аз адибону адабиёт гирифтааст, оҳанги нав бахшидаву қабои тоза пӯшониданд. Барҳақ дӯстии адабиёт – дӯстии халқҳо мебошад. Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини суханронӣ байти машҳури Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

-ро ба забон оварда, аз ҷумла иброз доштанд, ки тоҷикону ӯзбекон аз азал барои устувории дӯстиву ҳамкориву ҳамдастӣ саъю кӯшишҳо кардаанд.

Перезиденти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аснои суханронӣ халқҳои тоҷику ӯзбекро ду сатри як ғазал номида гуфтанд, ки дӯстии онҳо чун обу ҳаво зарур ва тақдири ҳарду ин халқи дӯсту ҳамсоя як аст. Тавре ҳамаи мо шоҳиди он гаштем, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ба ибораи худи ӯ чунин сафар тӯли 27 соли сипаригашта бори нахуст ба вуқӯъ пайвастааст, барҳақ таърихиву хотирмон маҳсуб мешавад. Бар асари он дар муносибатҳои ду давлати ҳамсоя давраи тоза боз гардид. Баҳри ривоҷи тозаи дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон пойдевори нав гузошта шуд, ки халқҳои тоҷику ӯзбек онро бояд то абад устувор нигоҳ дошта, аз харобшавӣ муташаккилона ҳифз намоянд.  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Ашт, кулли ҳизбиёни ноҳия аз ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарм Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, мулоқоту вохӯриҳои самимонаи ӯ бо Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвари мо, ширкатварзӣ дар ҷорабиниҳои сатҳи олӣ тавассути воситаҳои ахбори омма комилан воқиф гардиданд. Мо сиёсати хирадмандонаву сулҳдӯстона ва ёбандаву ободкоронаи ҳукуматҳо ва сарварони ҳар ду давлати ҳамсояро пурра ҷонибдорӣ намуда, дар равнақи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек ба нафъи ҳарду халқу миллат саҳми назаррасу арзандаи худро хоҳем гузошт. Мо ҳамеша чонибдори сиёсати сулҳҷӯёнаву дӯстона, ташнаи сулҳу озодӣ, ҳамдаставу ҳамраъйӣ бо тамоми халқу миллатҳои сайёра мебошанд. Зеро мо пайравони содиқи Пешвои муаззами миллат мебошем. Тавре шоири сулҳпарвару ширинкаломи мо Мирзо Турсунзода гуфтааст:

 

То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

                                             дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>