Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор

бғ ҳунар

БОБОҶОН ҒАФУРОВ Тибқи нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маҳфили  «Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор» баргузор гардид. Дар ин маҳфил зани ҳунарманд, дӯзандаи моҳир Олимова Майсара маҳсули дастони хешро ба маърази тамошо гузошт. Намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М., зимни баромад қайд намуд, ки бонувон бо фарорасии истиқлолият бештару амиқтар дарк намуданд, ки духтари тоҷикистонӣ маҳбуби ҳамагон аст, ҳунарманд аст, беназир аст. Ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бо шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин, хусусан, эҳёи ҳунарҳои қадима кӯмаки калон мерасонад. Инчунин, занону духтаронро тарғиб намуд, ки ҳунар омӯзанд ва барои пешбурди иқтисодиёти оилаи худ саҳми худро гузоранд.

Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,

Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>