Коргоҳи нави дузандагӣ

Ашт сехи дузандаги

АШТ. Вобаста ба эълон гардидани «Соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар маркази ноҳия-шаҳраки Шайдон боз як коргоҳи нави дузандагӣ  бо ташаббуси бонуи ҳунарманд Ойдиной Тошпӯлотова кори худро оғоз намуд.  Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳоҷиматова Ш. бо фаъолияти ин коргоҳ аз наздик шинос гардида,  бо занону духтарони ҳунарманд сӯҳбати хоса анҷом дод. Зимни мулоқот бобати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, дар бораи эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ ва корҳои хонагӣ, ҷалби занону духтарони хонашин ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо андешаҳои худро баён дошт.  Роҳбари ширкати дӯзандагии «Гулдаст» Тошпӯлотова Ойдиной дар сӯҳбат иброз дошт, ки бо мақсади кам кардани маҳсулоти аз хориҷи кишвар воридшаванда ва таъмин намудани бозори дохила бо маҳсулоти рақобатпазир, имрӯз дӯхтани либосҳои гуногунро ба роҳ мондааст. Корхона тасмим гирифтааст, ки  тамоми намуди либосҳо, аз ҷумла либосҳои мактабӣ, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сохторҳои қудратӣ ва ғайраро барои  аҳолии ноҳия пешниҳод намояд. Бояд қайд намуд, ки бо ташкил гардидани чунин коргоҳи дузандагӣ 30 нафар занону духтарони хонанишини шаҳраки Шайдон бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>