Дидорбинӣ ва қадршиносӣ аз ҷониби Шӯрои собиқадорон

БӮСТОН. Бо ташаббуси  Шӯрои собиқадорони  назди  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  давоми ҳафтаи  сипарӣ чорабиниҳои  тантанавӣ ва  аёдату  дидорбиниҳо дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳр баргузор гадиданд.  Аз ҷумла, собиқадорони  соҳаи маориф ва  тандурустӣ, ки  солҳои тӯлонӣ дар  соҳаҳои мазкур  фаъолият бурда,  дар ҷодаи  ободонӣ ва  тарбияи насли наврасу  ҳифзи  саломатии  ҷомеа  саҳми  назаррас гузоштаанд, бо тӯҳфа ва  гулҳои тару тоза  қадрёбӣ гардиданд. Аъзои Шӯрои собиқадорони назди КИ ҲХДТ дар шаҳр  Пӯлотова Ҳ.Ҳ. оид ба амалӣ намудани  ғояҳои  бузурги  Барномаи  ҲХДТ ҳарф зада, саҳми  намоёни   Шӯрои собиқадорони ҳизбро дар ин ҷода қайд намуд. Дар навбати худ собиқадорон  бо шукргузорӣ  аз  тинҷиву амонӣ ва  ободонии кишвар миннатдории худро ба Роҳбарияти олии ҲХДТ расониданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>