Ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуд

20180309_100343

ИСТИҚЛОЛ. Ҳафтаи сипаригардида бо мақсади   таъсис додани ташкилоти ибтидоии КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол ва дар ин замина зиёд намудани аъзоёни ҳизб дар корхонаи металлургии шаҳр ҷаласа бо мутахассисони маҳаллӣ ташкил ёфт. Дар ҷаласа раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Боқиев М.Г. баромад карда, доир ба  ҳадафҳои созандаи Сарвари ҳизб-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда таъсиси ташкилоти ибтидоиро ба рои мутахассисони маҳаллӣ фоли нек арзёбӣ намуд. Ҳамчунин яке аз кормандони корхонаи мазкур низ доир ба саривақтӣ будани таъсисдиҳии ташкилоти ибтидоӣ дар корхона андешаронӣ намуд. Дар охири ҷаласа тибқи талаботи оинномавӣ  яке аз фаъолони корхона, сардори шуъбаи техникаи бехатарӣ ва муҳити зист- Гадоев Ҷалил Азизович  раиси ташкилоти ибтидоӣ дар корхонаи металлургӣ интихоб карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>