Таҷлили рӯзи матбуот

ИСТАРАВШАН. Дирӯз дар толори маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба ифтихори Рӯзи матбуот ҷамъомад баргузор гардид.  Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимимияти давлатии шаҳр, ҳайати эҷодии рӯзномаи шаҳрии “Паёми Истаравшан” ва рӯзномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр “Афкори халқ”, кормандони шуъбаи маорифи шаҳр ва омӯзгорон ширкат варзиданд. Марупов Акпар роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр аз номи роҳбарияти шаҳр рӯзноманигоронро  ба фарорасии  Рӯзи матбуот табрик намуда дар ҷодаи фаъолияташон барору комёбиҳо таманно намуд. Ҳамзамон Мухторова Матлуба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  оид ба таърихи матбуоти тоҷик маърӯза намуда,  андешаҳояшро перомуни доман фарох намудани матбуоти тоҷик ва хизматҳои шоистаи он  дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт. Инчунин ба якқатор рӯноманигорон ва адибон Сипосномаи Кумитаи иҷроия ва тӯҳфаҳои хотирмон супорид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>