Конференсия: “Истиқлолияти давлатӣ ва рисолати касбии ҷурналистон”

МАСТЧОҲ. Бо чунин унвон дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ конференсияи илмӣ баргузор гардид, ки ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва 106-солагии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф” бахшида шуда буд. Нахуст Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ конференсияро ифтитоҳ ва рӯзноманигоронро ба муносибати иди касбияшон табрик гуфт. Зимни маърӯзаи худ ҷаноби Дилшод Зокиров аз шуҷоату ҷасорат ва ҳақнигорию ватандӯстии ҷурналиситон тавсиф кард ва иброз дошт, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ на танҳо пояҳои иҷтисодиёти кишварро хароб кард, ки ҳамчунин сабабгори қурбон шудани даҳҳо ҷурналситон шуд, ки албатта талафоти бузург аст. “Хушбахтона, бо роҳбарии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакати мо сулҳу ваҳдат устувор шуд ва ба аҳли эҷод, махсусан рӯзноманигорон шароити мусоиди фаъолият фароҳам омад”, — таъкид намуд Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ. Абдуқодири Абдуллохон, раиси бахши ИҶТ дар ноҳияи Мастчоҳ зимни баррасии мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва  рисолати касбии ҷурналистон” аз дастовардҳои муҳимтарин даврони истиқлол ёдоварӣ намуд ва изҳор дошт, ки бо шукргузорӣ ва ин неъмати бузург воқеъбинона тасвир намудани дастовардҳои мамлакат ва дифоъ аз арзишҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи рӯзноманигорон аст. Мирзоолим Мирзораҳимов, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар мавзӯи “Таърихи матбуоти тоҷик ва дастовардҳои рӯзноманигорон дар сад соли охир” баромад намуда, иброз дошт, ки мавқеъ ва нақши ҷурналистон дар таърихи сад соли охири миллати мо равшан, таъсиргузор ва ҳатто дар аксар маврид ҳалкунанда будааст. Сипас Муродулло Почозода – сармуҳаррири рӯзномаи “Нигоҳи халқ”, Маликнеъмат Неъматзода – роҳбари маҳфили адабии “Зарафшон” ва  Мирзоҳамдам Шарифзода, Ҷӯра Юсуфӣ – сармуҳарирони собиқи рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” низ доир ба мавзӯи конференсия ибрози андеша карданд. Дар охир ба як гуруҳ рӯзноманигорон – Абдуқодири Абдуллохон, Ҷӯра Юсуфӣ,  Ҳасан Боқӣ, Маҳмадтоҳир Охунзода ва Мирзои Дилдориён барои фаъолияти пурмаҳсул дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлол ва ҳамкорӣ бо нашрияи “Нигоҳи халқ” бо “Сипоснома”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, ба   собиқадорони матбуот Мирзоҳамдам Шарифзода ва Эргашбой Бурҳонӣ туҳфаҳои хотиравии “Нигоҳи халқ” тақдим гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>