Ҷавонон дар сафи пеши ободкорӣ

Ашт ободкори

АШТ. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани «Соли 2017 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва омад-омади иди байналмиллалӣ — Наврӯзи оламафрӯз дар ноҳия ба корҳои ободонӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипарӣ бо ин мақсад ҳашари умуминоҳиявӣ эълон гардид, ки дар он ҳамаи кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолона ширкат варзида, баҳри тозаву озодагӣ ва ободонии маҳал саҳми худро гузоштанд. Дар ин шанбегӣ  кӯчаҳои марказӣ ва ҷӯйборҳои он аз партовҳо тоза карда шуда, дарахтони ду шафати роҳи асосӣ сафед карда шуда, ниҳолҳои сояафкан шинонида шуданд. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки шанбегӣ дар ҳамаи кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро фаро гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>