Саҳми ҷавонон баҳри ободу зебо гардонӣ

бғ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Баҳри сазовор пешвоз гирифтани Иди Наврӯзи байналмиллал, тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар КИИ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳия бо ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву ободонӣ аз тарафи аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ин шанбегӣ ҷавонон фаъолона иштирок намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардорнидани муҳит саҳми худро гузоштанд. Дар шанбегӣ майдончаҳои ҳудуди биноҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуда, саҳни идораҳои ташкилотҳои ибтидоӣ рӯбучин карда шуд. Дарахтони назди бинои ташкилотҳои ибтидоӣ сафед карда шуда, инчунин ҷӯйборҳо аз партов ва ифлосиҳо тоза карда шуданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар оянда низ  баҳри корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>