Роҳбарони ТЭТ ҲНИТ аз кадом тоифаи инсонҳо иборат?

андеша

АНДЕША. Дар асл миллати тоҷик бо фарҳанг, тамаддун ва ба ҷаҳониён маълуму машҳур аст. Мардуми шарафманди он миллатдӯст мебошанд. На хостори ҷангу ҷидол ва нооромиҳо ҳастанд. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешравии ҳамаи соҳаи мавҷудаи ҷумҳурӣ андешида истодаанд. Аммо ба ҳамагон аёну возеҳ аст, ки бо корбарии хоҷаҳои хориҷиён Муҳиддин Кибирӣ мехост ба оромиву сулҳи Ватан табаддулот ворид созад. Хусусан  ҲНИТ ба воситаи хориҷиён сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ шуда, имрӯз дар хориҷи кишвар низ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба ҳар роҳу восита андешаҳои онҳоро вайрон карда истодаанд. Танҳо онҳо ба манфияти худ корро мебаранд, аммо парвои дигаронро надоранд, ки тақдири онҳо чӣ мешавад. Аз ислом истифода намуда, мардуми мусалмони ҳақиқии тоҷикро ба гумроҳӣ бурда истодаанд. Кабириву ҳаммаслакони ӯ мусалмонӣ асил набуда, сабагори марги ҳазорон нафар бегуноҳону зиёиёни миллат ҳастанд. Аммо аз таҳқиқи ҳодисаҳои гузашта маълум намуд, тамоми шахсиятҳои маъруфу машҳури тоҷикро онҳо ба коми марг фиристоданд. Ваҳшониятҳое, ки онҳо пинҳонӣ солиёни зиёд содир намуданд, ҳазорон нафар ҷавонону занону кӯдакони бегуноҳ аз ҳаёт маҳрум гаштанд. Инчунин раёсати олии ТЭТ ҲНИТ дар хориҷи кишвар нишасту вохӯриҳо ташкил намуда, муҳтавои онро ба сомонаи payom.net нашр мекунанд. Хоинони  миллати тоҷик боз як «Анҷумани хоинон»-ро таъсис додаанд, ки онҳо низ як гуруҳи ивғоангезу террористон мебошад. Зеро онҳо низ як сомонаи хоинонаи ozodandishon.com нисбати Тоҷикистони сулҳовару сулҳпаравар андешаҳои бади худро тарғиб карда истодаанд. Онҳо шахсони озод нестанд, танҳо иҷрокунандагони  фармони хоҷагони худ мебошанд. Чанд рӯз қабл аз рӯйхати интерпол бардошта шудаи номи Кабирӣ гирди забони хоинону ватанфурушон давр мезад. Аз интерпол бардошта шудани номи Кабирӣ маънои онро надорад, ки ӯ бегуноҳ аст. Рӯзе фаро мерасад, ки барои гуноҳҳои содирнамудаи хеш ҷавоб мегӯяд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷ аз паси пардаҳо танҳо андешаҳои ивғогарона доранд. На ин ки ғояҳои нек!!!

Лоиқ Тӯйчиев

ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>