Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост

АНДЕША. Баҳори имсола ба кишвари биҳиштосои мо пайғоми дӯстиву рафоқатро овард. Аввалин рӯзи баҳор рӯзи фаромӯшнашаванда буд, зеро кушода шудани гузаргоҳҳои байни сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дер боз халқи ин ду кишвар интизораш буданд, чашм ба умед доштанд, ба вуқӯъ омад. Тоҷикон баробари рушди фарҳангу адабиёт аз давраҳои қадим бо мардумони гуногун робитаҳои зичи дӯстона барқарор намуда, ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар фазои сулҳу салоҳ ва якдиливу бародарӣ умр ба сар баранд. Мардуми ин миллат бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус бо халқи бародари ӯзбек, дӯстии мустаҳкам барпо намуда, дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобарорӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дустию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамкориҳои адабию дӯстонаи шахсиятҳои барҷастаи таърих Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ гувоҳи барҷастаи ин гуфтаҳоянд. Дар ҳақиқат, мардуми тоҷик ва ӯзбекро анъана, маданияту урфу одатҳои қадима, ки хеле ба ҳам монандӣ доранд, ба ҳам мепайвандад. Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 9.03.2018 ба вуқӯъ пайваст мардуми меҳмоннавози тоҷикро руҳбаланд гардонд. Пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишона аз анъанаҳои неки аҷдодии гиромидошти меҳмон, самимияти мардуми тоҷик ба муносибатҳои неки дӯстию хешутабории ду халқ, таваҷҷуҳ ба рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи равобити барои ҳар ду ҷониб судманд мебошад. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо,бғ андеша 2 намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Мо, ҳизбиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз иқдому ташаббусҳои неки сарварони ду давлати ҳамҷавору дӯст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам  Шавкат Мирзиёев хеле хурсанд буда, изҳори сипоси кулли сокинони ноҳияро мерасонем. Боварии комил дорем, ки дар оянда низ ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ густариш ёфта, дӯстиву муттаҳидии миллати тоҷику ӯзбек боз ҳам қавитар мегардад.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>