Вохӯрӣ бо хатмкунандагон

АЙНӢ. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ва бахши кор бо занон ва ҷавонон тибқи нақшаи корӣ санаи 12-марти соли равон бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ №6 ва №37 вохӯриҳоро роҳандозӣ намуд. Дар  вохӯриҳо доир ба ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва идома додани таҳсил дар макотиби олии кишвар сӯҳбат гузаронида шуд.  Аз рӯи  нақшаи корӣ дар давоми ҳафтаи равон дар муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумии ҳудуди  ҷамоати деҳоти Айнӣ  вохӯриҳо доир гардида, бо ҷавонон доир ба омӯхтани илму дониш, фарогирии ҷавонон ба касбу кори гуногун, эълон гардидани Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сӯҳбату вохуриҳо гузаронида мешавад. Зимни сӯҳбат қайд карда шуд, ки  дар ноҳияи Айнӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабон шурӯъ аз   моҳи  апрели соли равон аз ҷониби кормандони Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>