Қадршиносии рӯзноманигорон

ДЕВАШТИЧ. Ҳамасола 11 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик  таҷлил карда мешавад. Бо ҳамин мақсад дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мулоқоти раиси  ноҳия Рустам Ҷӯразода бо аҳли эҷоди рӯзномаи ноҳияии «Набзи Деваштич», мухбирони ҷамоатӣ, собиқадорони матбуот ва масъулони таъбу нашр доир гардид.  Р.Ҷӯразода дар суханронии хеш оиди инъикоси воқеии ҳаёти сиёсӣ иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия дар рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Деваштич» ҳарф зад. Инчунин баҳри боз ҳам ҷолибу хоно гардидани рӯзнома ба масъулин маслиҳатҳои муфидро пешкаш намуд. Барои меҳнатҳои софдилона ба собиқадори матбуот Элмуродов Туйғунмурод Сипосномаи иҷрокунандаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуд. Ҳамчунин ба як қатор кормадони рӯзномаро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раиси ноҳия тақдим гардид. Аз номи аҳли эҷод сармуҳаррири рӯзнома Маҳбуба Ҷамолова барои дасгирии ҳамешагии Раиси ноҳия миннатдории самимӣ изҳор кард. Худи ҳамон рӯз бо иштироки муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода собиқадорони матбуот Усмонҷон Икромов, Ҳайрон Осимӣ, Сироҷиддин Осимӣ, Аҳмад Абдулло, Қобилҷон Маҳмудов ва шоира Зулфия Бобоева аёдат карда шуда ва бо тӯҳфаҳои идона қадршиносӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>